Кишоварзони тоҷик маъракаи кишти баҳории зироати ғалладонагиро ба нисфи марра расониданд.
Тавре аз Раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, то имрӯз зироати ғалладона дар майдони 63 ҳазор гектар кишт шудааст, ки беш аз 48%-и нақшаи пебинишударо ташкил медиҳад.
«Аз ҷумла, дар 29,5 ҳазор гектар гандум, 28,2 ҳазор гектар ҷав ва дар беш аз 5,2 ҳазор гектар дигар зироати ғаллдона кишт шуда, соли равон дар маҷмӯъ кишти зироати ғалладонагӣ дар майдони зиёда аз 130 ҳазор гектар пешбинӣ гардидааст», - гуфтанд дар раёсат.
Ба иттилои манбаъ, имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ маъракаи кишти пунбадона низ идома дошта, то ҳанӯз пунбадона дар майдони беш аз 52 ҳазор гектар кишт шудааст, ки тақрибан ба 25%-и нақша баробар аст. «Ҳамарӯза дар майдони то 9 ҳазор гектар кишти пунбадона анҷом дода мешавад», - гуфт манбаъ.
Зикр гардид, ки соли равон дар маҷмуъ кишти пахта дар майдони 209 ҳазор гектар, аз ҷумла дар ҳудуди 10 ҳазор гектар кишти пахтаи маҳиннах ба нақша гирифта шуда, вобаста ба обуҳаво кишоварзон аз 415 то 420 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст оварданианд.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта пунбадона дар майдони 204 ҳазор гектар кишт шуда буд, ки нисбат ба соли 2010 41,6 ҳазор гектар бештар буд. Соли 2011 кишоварзони ҷумҳурӣ беш аз 415 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намуда, нақша 6,2% барзиёд иҷро ва бори нахуст дар давоми 20 соли истиқлолият аз ҳар як гектар 20,5 сентнер ҳосил ба даст оварда шуда буд.



Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста