Дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо Ҳайъати Вазорати илм ва техникаи Ҷумҳурии Мардумии Чин, ширкати «Beijing Jinchuang Combined Gas Meter Co.,Ltd» Ҷумҳурии Мардумии Чин бо сардории профессор Жэн Сянкун баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти вазорат хабар доданд, мутахассисони чинӣ иборат аз 8 нафар олимон ва коршиносон бо даъвати Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварамон ташриф оварданд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ба истифодаи ангишт гузаронидани ҶСК «Тоҷиксемент», аз ангишт истеҳсол кардани гази табиӣ барои таъминоти аҳолӣ, имконияти ҳамкориҳо дар масъалаи корҳои ҷустуҷӯию геологӣ дар соҳаи нафту газ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Баъди боздид аз ҶСК «Тоҷиксемент», омӯзиши хатҳои технологии он ва гирифтани ҳамаи маълумотҳои зарурӣ, мутахассисони чинӣ асосноккунии техникӣ-иқтисодиро доир ба масъалаи ба истифодаи ангишт гузаштани корхона таҳия ва пешниҳод хоҳанд намуд.

Пас аз вохӯриҳо ва гуфтушунидҳо Меморандум оид ба ҳамкориҳо миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати « Beijing Jinchuang Combined Gas Meter Co.,Ltd» Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи истифодаи маҷмӯавии ангишт ва ҳамкориҳо дар соҳаи нафту газ ва Протоколи ҳамкорӣ байни ҶСК «Тоҷиксемент» ва ширкати « Beijing Jinchuang Combined Gas Meter Co.,Ltd» Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид.

Қаблан, ахири даҳаи аввали ҳамин моҳ вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ бо намояндагони ширкати дигари ЧИН – ТВЕА мулоқот ороста, ба онҳо низ ҳамкорӣ дар масъалаи ба истифодаи ангиш гузаштани корхонаи «Тоҷиксемент»-ро пешниҳод карда буд. Он замон намояндагони Чин баррасии имконоти ҳамкорӣ оид ба ин масъаларо ваъда карданд.

ҶСК «Тоҷиксемент» корхонаи бузургтарини истеҳсоли семент дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Шуруъ аз 1-уми апрел Ӯзбекистон интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро қатъ кард, ки ин ба қатъи фаъолияти корхона боис гардида буд. Танҳо нимаи дуюми моҳи апрел, пас аз барқарор шудани интиқоли газ аз Ӯзбекистон корхона боз ба фаъолият пардохт.

Қобили зикр аст, ки маҳсулоти «Тоҷиксемент» асосан дар сохтмони иншооти муҳими кишвар, аз ҷумла корҳои барқароркунӣ дар нерӯгоҳи «Роғун» ва бунёди роҳу пулҳо  истифода мешаванд.

Иқтидори «Тоҷиксемент» истеҳсоли 1 млн. 100 ҳазор тонна семент дар як солро ташкил медиҳад, вале ахиран корхона танҳо бо истифодаи 70%-и иқтидор фаъолият дошт.