Сандуқи сармоягузории Тоҷикистон ба санаи 1-уми апрели соли 2012 дорои 60 лоиҳаҳои давлатӣ мебошад, ки маблағи умумии онҳо 9,2 млрд. сомонӣ (беш аз 1,9 млрд. $)-ро ташкил медиҳад.
Тавре аз хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ хабар доданд, айни замон дар кишвар 21 лоиҳаи қарзии сармоягузорӣ, 24 лоиҳаи бурсӣ амал карда, маблағгузории боз 15 лоиҳа ҳам аз ҳисоби қарзҳо ва ҳам дар асоси кӯмаки бебозгашт татбиқ мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар семоҳаи аввали соли равон амалисозии як лоиҳаи сармоягузории давлатӣ оғоз гардидааст. «Дар маҷмуъ, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории амалкунанда аз ҳисоби 19 сарчашма маблағгузорӣ мешавад», - гуфт манбаъ.
Зикр гардид, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми азхудкунии воситаҳои лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 40 млн. $ маблағро ташкил додааст, ки аз нақшаи пешбинишуда 8,1% зиёдтар аст.




Наздики 120 шаҳрванди Тоҷикистон бо як парвози чартерӣ аз Дубай ба Душанбе баргаштаанд
Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Додгоҳи олӣ, Додситонии кул ва ВКД тағйироти кадрӣ анҷом дод
Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста