Дар намоишгоҳи байнулмилалии «ЭСКПО-2012» таҳти унвони «Уқёнуси зинда ва минтақаи наздисоҳилӣ», ки рӯзи 12-уми май дар шаҳри Ёсуи Кореяи Ҷанубӣ ба кор оғоз намуд, гӯшаи Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи гӯша сарвари ҳайати Тоҷикистон – раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид изҳор кардааст, ки «Тоҷикистон аз ҷиҳати захоири обӣ кишвари бойтарини минтақаи Осиёи Марказӣ маҳсуб гардида, ҳамчун ташаббускори Даҳсолаи байнулмилалии амали «Об барои ҳаёт» ва иштирокчии фаъоли чорабиниҳои ҷаҳонӣ дар мавзӯи об бар ин назар аст, ки намоишгоҳи мазкур ба ҳалли мушкилоти рӯзмарраи об дар саросари ҷаҳон саҳми арзанда хоҳад гузошт».

Ба иттилои манбаъ, дар гӯшаи Тоҷикистон имконоти гидроэнергетикӣ, захоири ғании минералӣ, бахшҳои ояндадори иқтисод, аз ҷумла истеҳсоли алюминий, саноати кимиёвӣ, бофандагиву дӯзандагӣ, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Қобили зикр аст, ки дар намоишгоҳи мазкур намояндагон ва ширкатҳои 104 кишвари дунё ва 10 созмони байнулмилалӣ ширкат меварзанд. Намоишгоҳ муддати 93 рӯз идома меёбад. Интизор меравад, ки аз намоишгоҳ 11 млн. нафар боздид хоҳанд кард.