Дар ҷараёни тренинги дурӯза, ки мирӯз дар Душанбе ба кор оғоз кард, намояндагони наздик ба 40 ширкату ташкилотҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон оид ба масоили дар ширкатҳо ташкил кардани шӯрои мудирони пурсамар табодули таҷриба ва изҳори назар мекунанд.
Чорабинӣ аз ҷониби Корпоратсияи байнулмилалии молиявӣ (IFC) бо мақсади кӯмак ба ширкатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар такмили низоми идоракунии корпоративӣ, беҳбуди фаъолияти корбурди онҳо ва осонкунии дастрасӣ ба маблағгузорӣ созмон дода шудааст.
Ба гуфтаи намояндагони IFC, чорабинии мазкур ҳамчун як қисмати стратегияи IFC оид ба тақвияти имконот дар маҳалҳо барои фирмаҳои машваратӣ ва ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ бо шумули бонкҳои Қирғизистону Тоҷикистон тренинги омӯзишӣ маҳсуб ёфта, минбаъд онҳо ба ширкатҳои маҳаллӣ ва бонкҳо оид ба масоили беҳбуди идоракунии корпоративӣ кӯмак мерасонанд.
Муовини раиси Иттиҳодияи бонкҳои Тоҷикистон Валерий Ким мегӯяд, баргузории тренинги мазкур хеле саривақтист, зеро дар кори он ба ҷуз бонкҳо ва ташкилотҳои бузурги молиявии хурд, ҳамчунин Маркази байнибонкии тренингӣ низ ширкат меварзад, ки минбаъд оид идоракунии коропративии ташкилотҳои молиявӣ ва корпоратсияҳои бузург дар Тоҷикистон маълумоти касбӣ пешниҳод мекунад.
Дар ҳамин ҳол, президенти Иттифоқи бонкҳои Қирғизистон Анвар Абраев дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» гуфт, тез-тез созмон додани ба ин монанд чорабиниҳо аз манфиат холӣ нест. «Чунин вохӯриҳо хеле муфиданд, зеро барои шиносоӣ бо таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя дар масъалаи ҷорисозии идоракунии корпоративӣ ва табодули таҷриба дар ин самт имконоти хуб муҳайё мегардад», - гуфт ӯ.
Ба қавли менеҷери лоиҳаи IFC Сергей Трипутеня, шӯрои мудирони ҳирфавӣ яке аз таркибҳои калидии низоми қобили қабули идоракунии корпоративӣ аст. «Таъмини шаффофият ва беҳбуди сатҳи касбии аъзои шӯрои мудирон бояд самтҳои афзалиятноки фаъолияти ширкатҳо бошанд», - таъкид кард номбурда.



Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста