Филиали ШС «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» (IRS) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун консессионери роҳ бо мақсади пешгирии вайроншавии бармаҳали роҳ таҷҳизоти муайянкунандаи изофабори мошинҳои гаронвазнро насб менамояд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти IRS, дар ин робита дар километри 72-юми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак корҳои насбу васлкунии таҷҳизоти муайянкунандаи изофабори воситаҳои нақлиёт идома доранд.

Таъкид мегардад, ки яке аз сабабҳои вайроншавии бармаҳали роҳҳо аз меъёри муқарраргардида барзиёд боркунии воситаҳои нақлиёти гаронвазн мебошад.

«Чунин ҳолат дар тамоми роҳу ҷодаҳои кишвар ба мушоҳида мерасид ва натавонист мутахассисони соҳаро бетараф гузорад, - зикр мегардад дар хабари ширкат. - Аз ин рў, бо мақсади пешгирӣ намудани вайроншавии бармаҳали роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Қарорҳои мазкур тартиби гузариш аз роҳҳои автомобилгард вобаста ба вазну андозаро муайян намуда, тибқи онҳо ҳамасола аз 1 май то 31 август, ҳангоми зиёда аз 25 дараҷа гарм будани ҳарорати рўзонаи ҳаво, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгарди қабати болоияшон мумфарш аз соати 10-00 то 20-00 бо сарборӣ ба тири меҳвари ягона ба андозаи на зиёда аз 6 тонна иҷозат дода мешавад. Дар фаслҳои дигари сол ва вақти шабонарўз андозаи сарборӣ ба тири меҳвар 10 тонна иҷозат дода шудааст».