Дар Тоҷикистон беш аз 7,4 млн. нафар муштариёни алоқаи мобилӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки 4,6 млн. нафари онҳо муштариёни фаъол мебошанд.

Бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи назди ҳукумат, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 400 ҳазор нафар муштариён аз алоқаи бесим истифода мебаранд. Айни замон шумори корбарони шабакаи Интернет дар кишвар бо шумули корбарони интернети мобилӣ 2,2 млн. нафарро ташкил медиҳад.

Дар Хадамоти алоқа ҳамчунин гуфтанд, феълан ба ҳар як 100 нафар аҳолии ҷумҳурӣ 5,3 адад дастгоҳи алоқаи бесим ва 61 адад телефони мобилии фаъол рост меояд. Аз ҳар 100 нафари муштариёни фаъоли мобилӣ 29 нафарашон истифодабарандагони интернет мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, дар нимсолаи аввали соли равон субъектҳои бахши алоқа ба маблағи умумии 513,4 млн. сомонӣ хизматгузорӣ пешниҳод намудаанд.