Мувофиқи нақшаи ҳукумати ҷумҳурӣ, ахири моҳи сентябр бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон маросими расмии мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани нақби «Шаҳристон» баргузор мешавад.
Дар ин робита зимни мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муовини аввали раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов иброз дошт, ки ахири ҳафтаи гузашта нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов ва вазири нақлиёт Низом Ҳакимов аз майдони сохтмони нақб боздид намуданд. «Дар ҷаласаи ситоди сохтмони иншоот бинокорон муваззаф шуданд, ки дар муҳлати пешбинишуда корҳои сохтмониро ба анҷом расонанд», - гуфт ӯ.
«Чорабиниҳои асосӣ дар мавриди ба истифода додани нақби «Шаҳристон» дар шаҳри Истаравшан доир мегарданд, - гуфт ӯ. – Дар Истаравшан сохтмони варзишгоҳ бо 20 ҳазор ҷойи нишаст дар арафаи анҷомёбӣ буда, ғайр аз ин, боз мавриди истифода қарор гирифтани як қатор иншооти иҷтимоиву маишӣ ва корхонаҳои саноатӣ дар назар аст».
Муовини раиси вилояти Суғд ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба ифтихори таҷлили ҷашни навбатии солгарди истиқлоли ҷумҳурӣ беш аз 200 иншооти таъиноти саноативу иҷтимоӣ ва маишӣ ба истифода дода мешаванд.
Нақби «Шаҳристон» дар километи 180-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, миёни ноҳияҳои Айниву Шаҳристон воқеъ буда, дарозии он 5 ҳазору 253 метрро ташкил медиҳад. Сохтмони нақби мазкур расман санаи 2-юми августи соли 2006 оғоз гардид.
Арзиши сохтмони нақб тибқи лоиҳа 175 млн. сомонӣ (51,7 млн. $)-ро ташкил медиҳад. Сохтмони нақби мазкур яке аз қисматҳои лоиҳаи азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ маҳсуб меёбад. Паймонкори генералии сохтмони нақб ширкати чиноии China Road аст.




“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Аз таҳдиди Трамп то посухи Лориҷонӣ. Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ
“Азия-Плюс” ва “Ориёнбонк” дар Душанбе дарахт нишонданд
“Риояи қонунро мехоҳем”. Баҳси чанд сокини як бино дар Душанбе бо ширкати бинокори “Лутф-Сохтмон”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста