Субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и «Суғд» маҳсулоти худро ба кишварҳои Чину Русия ва Қазоқистон содирот карданианд.
Дар маъмурияти МОИ «Суғд» хотиррасон намуданд, ки корхонаи муштараки «Силкоат Бойя» аллакай содироти маҳсулот ба Афғонистонро ба роҳ мондааст.
Ба гуфтаи роҳбари маъмурияти МОИ «Суғд» Анвар Яқубов, то охири сол содироти маҳсулот ба минтақаҳои Қазоқистон ва Русия ба нақша гирифта шуда, ҳамчунин пешниҳоди маҳсулоти рангмоливу локӣ ба Чин дар назар аст. «Дар ин самт корхонаи муштараки «Стар Пласт» ва ҶДММ «Равзана Пластик» фаъолият дошта, то охири сол масъалаи содироти қубур ба Қирғизистон ва сохторҳои пластикӣ барои дару тиреза ба Афғонистон ҳаллу фасл мешавад», - гуфт вай.
А.Яқубов зикр кард, ки феълан ҳафт субъекти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба тавлиди маҳсулот шурӯъ карда, дар минтақа ба сурати умум 18 субъект ба қайд гирифта шудааст. «Дар аксари субъектҳо корҳои сохтмону барқароркунӣ идома дошта, технология ва таҷҳизоти муосир фармоиш дода мешаванд», - изҳор дошт ӯ.
Номбурда ҳамчунин изҳор кард, ки соли равон ширкатҳои «Равзана Пластик» ва «Некон» ба кор шурӯъ карда, дар заминаи корхонаи муштараки «Стар пласт» ҷиҳати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли қубурҳои пластикӣ се хатти нави технологӣ ба истифода дода шудаанд. «Ғайр аз ин, истеҳсоли контейнерҳо барои нигоҳдории сабзавоту мева ва зарфҳо барои захираи ранг ба роҳ монда шуда, дар заминаи корхонаи муштараки «Силкоат Бойя» истеҳсоли колерҳо (илова ба рангҳо)-и анвоъи гуногун оғоз гардид», - зикр кард А.Яқубов.
Роҳбари маъмурияти МОИ «Суғд» афзуд, дар зарфи 7 моҳи соли равон корхонаҳои МОИ «Суғд» ба маблағи умумии беш аз 11 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.




“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста