Дар зарфи 9 моҳи соли равон дар Тоҷикистон ба миқдори ҳудуди 10 млн. метри мукааб гази табиӣ истихроҷ шуд, ки беш аз 65%-и он ба КВД «Нафтугаз ва ангишт» рост меояд.
Тавре аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, тайи моҳҳои январ-сентябри соли равон ба аҳолӣ ва корхонаҳои саноатии кишвар наздики 6,7 млн. метри мукааб гази табиии ватанӣ интиқол дода шудааст.
Аз ҷумла, дар ин давра ҳаҷми интиқоли гази ҶСК «Тоҷиктрансгаз» 960 ҳазор, корхонаи «Қӯрғонтеппагаз» - 448 ҳазор, ҶСК «Кӯлобгаз» - 2,4 млн. ва корхонаи «Румигаз» - 873 ҳазор метри мукаабаро ташкил додаанд. Дар навбати худ, истеъмолгарон танҳо 73%-и маблағи истифодаи газро пардохт намудаанд.
Ба иттилои манбаъ, бо гази табиии ватанӣ аҳолӣ ва корхонҳои саноатии шаҳрҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа ва ҳамчунин қисман шаҳру навоҳии Душанбеву Румӣ, Сарбанд, Исфара ва Конибодом таъмин мегарданд.
Ёдрас мекунем, ки эҳтиёҷоти асосии ҷумҳурӣ ба гази табииро кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон қонеъ мекунад. Мувофиқи қарордод, соли 2012 Тоҷикистон аз Ӯзбекистон бояд 145 млн. метри мукааб газ дастрас намояд, ки арзиши он 300 $ барои 1 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад.
Истеъмолгарони асосии гази Ӯзбекистон дар ҷумҳурӣ Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ва корхонаи «Тоҷиксемент» ва дар ҳаҷми начандон зиёд аҳолӣ мебошанд.



Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Маош аз 60 то 200 ҳазор рубл. Мақомот ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҷойи кор пешниҳод доранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста