Дар хатсайри роҳи оҳани Хуҷанд-Маскав аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» равуои қатораи мусофирбари иловагӣ ба роҳ монда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иттилоъ доданд, роҳандозии ҳаракати қатораи мусофирбари иловагӣ дар ин хатсайр ба афзоши шумори муҳоҷирони корӣ, ки ба ватан бармегарданд, марбут аст.

Ба иттилои манбаъ, равуои қатораи мусофирбари иловагӣ тавассути ин хатсайр то ахири соли равон идома ёфта, сипас оид ба фаъолияти минбаъдаи он тасмим гирифта мешавад.

«Ҳамааш ба шумори мусофирон вобаста буда, агар талабот пайдо шавад, пешниҳод ҳам рӯйи кор хоҳад омад, вале таҷрибаи солҳои пешин гувоҳи он аст, ки бо фарорасии Соли нави милодӣ шумори мусофирон аз Русия бамаротиб коҳиш меёбад», - гуфтанд дар корхона.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон тавассути хатсайри Хуҷанд-Маскав дар як ҳафта ду қатораи мусолфирбар равуо доранд. Ҳамчунин ба Русия ҳаракати қатораҳои мусофирбар тавассути хатсайрҳои Душанбе-Маскав (3 маротиба дар як ҳафта) ва Кӯлоб-Маскав (ду маротиба дар як ҳафта бо равуо аз Душанбе) ба роҳ монда шудааст.

Қобили зикр аст, ки баҳори соли равон бинобар сабаби нокифоягии мусофирон, ҳаракати қатораҳо бо хатсайри Хуҷанд-Саратов муваққатан боздошта шуд.

Айни замон дар дохили ҷумҳурӣ қатораҳои мусофирбар тавассути хатсайрҳои Душанбе-Пахтаобод (ҳамарӯза) ва Қӯрғонтеппа-Сангтӯда (ҳар ҳафта як маротиба) ҳаракат мекунанд.