Гуфтушунидҳои мақомоти раҳбарии ширкати «Тоҷиктрансгаз» бо ҳамтоҳои ӯзбеки худ оид ба воридоти гази табиӣ аз Ӯзбекистон дар соли 2013 идома дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҶСК «Тоҷиктрансгаз» иттилоъ доданд, мукотибаи хаттӣ миёни ширкатҳои марбутаи кишварҳо идома дошта, вале ҷонибҳо алҳол ба натиҷаи мушаххасе нарасидаанд.

Дар робита ба сафарбар шудани ҳайати ҳукуматӣ ба Тошканд чун соли гузашта роҳбари «Тоҷиктрансгаз» Саидаҳмад Шарофиддинов изҳор кард, ки ин масъала дар салоҳияти ӯ нест.

Номбурда гуфт, айни замон Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба масъалаи воридоти газ дар сатҳи вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳо гуфтушунид доранд.

Ёдрас мекунем, ки соли дуюм аст, ки ширкатҳои марбут ба гази Тоҷикистону Ӯзбекистон ба имзои созишнома оид ба воридоти газ ба Тоҷикистон саривақт ба мувофиқа омада наметавонанд. Аввали моҳи январи соли 2012 низ чунин вазъ ба амал омада, он замон бо қатъи интиқоли газ ҳайати ҳукумат дарҳол озими Тошканд ва масъаларо ҳал намуда буд.

Моҳи апрели соли гузашта низ «Узтрансгаз» интиқоли газ ба Тоҷикистонро қатъ карда, сабаби онро «мавҷуд набудани захираҳо» ва анҷоми муҳлати қарордод унвон карда буд.

Ахири моҳи декабри соли гузашта нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ба унвони ҳамтои ӯзбеки худ телефонограммаи таъҷилӣ ирсол намуда, дархост карда буд, ки «вазъ тавзеҳ дода шуда, ба имзои қарордоди нав мусоидат кунад». Аммо дархости Тоҷикистон бидуни посух боқӣ монд.

Аз 31-уми декабри соли равон интиқоли гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон пурра қатъ гардид.

Бино ба маълумоти «Тоҷиктрансгаз», соли гузашта ба Тоҷикистон аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон 132,4 млн. метри мукааб гази табиӣ ворид шуд. Мувофиқи қарордод, соли 2012 Тоҷикистон аз Ӯзбекистон бояд 145 млн. метри мукааб газ дастрас мекард, ки арзиши он 300 $ барои 1 ҳазор метри мукаабро ташкил дод.

Қобили зикр аст, ки истеъмолгарони асосии гази Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ва корхонаи «Тоҷиксемент» ба шумор рафта, нархи 1 ҳазор метри мукааби газ барои онҳо дар соли равон 380 $ муқаррар шудааст. Имрӯз бо гази табиӣ танҳо як қисмате аз аҳолии пойтахт таъмин буда, аз соли 2009 зиёда аз 90%-и аҳолии кишвар бинобар сабаби гарон будани гази табиӣ аз он истифода намекунанд.