Ширкатҳои воридкунандаи гази моеъ ба Тоҷикистон бар ин назаранд, ки манъи транзити автомобилии гази моеъ аз ҷониби ҳукумати Ӯзбекистон ба бозори сӯзишвории Тоҷикистон бетаъсир хоҳад буд.

«Қарори мазкури ҳукумати Ӯзбекистон ба ҳаҷми воридоти мо таъсир намерасонад, зеро мо гази моеъро танҳо тариқи роҳи оҳан ба ҷумҳурӣ интиқол медиҳем ва ҳамлу нақли он тариқи роҳи оҳан арзонтар аст», - изҳор карданд ба ОИ «Азия-Плюс» дар ҶСП «Фароз».

Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати ҶТ, ширкати «Фароз», ҶДММ «Тоҷирон» ва ҶДММ «Зет-Газ» ба воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон машғуланд.

Тибқи маълумоти тасдиқнашуда, ширкатҳои «Тоҷирон» ва «Зет-Газ» низ тавассути роҳи оҳан гази моеъро ворид мекунанд. Аммо ба ОИ «Азия-Плюс» алҳол муяссар нашуд, ки ин маълумотро тасдиқ намуда, аз ин ширкатҳо шарҳу тавзеҳ дастрас намояд.

Дар ҳамин ҳол, яке аз соҳибкорони инфиродӣ, ки ба воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон тавассути автомобил машғул аст, изҳор кард, ки гази моеъро онҳо аз Қазоқистон тавассути қаламрави Қирғизистон меоранд. «Ҳаҷми воридоти мо камтар буда, аз ин рӯ, аз роҳи оҳан истифода намекунем», - гуфт ӯ.

Дар робита ба роҳи мошингард миёни Тоҷикистону Қазоқистон соҳибкор зикр кард, ки он тариқи Қирғизистон мусоидтар аст. «Ба андешаи ман, маҳдудияти ҷорикардаи ҳукуматдорони ӯзбек ба бозори сӯзишвории Тоҷикистон ҳеҷ таъсире расонида наметавонанд», - иброз дошт номбурда.

Дар ҳамин ҳол, тайи моҳҳои ахир гази моеъ дар Тоҷикистон ба яке аз навъҳои сӯзишвории бештар мавриди истифода қарор гирифта, имрӯз зиёда аз 40%-и воситаҳои нақлиёт аз он истифода мекунанд.

Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, дар зарфи 11 моҳи соли гузашта ба ҷумҳурӣ ҳудуди 74 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2011 қариб 30 ҳазор тонна зиёдтар мебошад.

Ёдрас мекунем, ки ҳукумати Ӯзбекистон аз 1-уми январ транзити гази моеъ тавассути автомобил аз қаламрави кишварашро манъ кард. Дар қарори ҳукумати кишвари ҳамсоя дар ин робита зикр мегардад, ки ин қарор ба хотири таъмини амнияти давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи солимии шаҳрвандон ва муҳити зист қабул шудааст.