Дар корхонаи «Гидромонтаж»-и шаҳри Норак ба иҷрои фармоишот барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун оғоз карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси шаҳри Норак Ҳамид Абдуллоев хабар дод, дар муддати як сол барои роҳандозии фаъолияти дубораи корхона ва таъмини он бо таҷҳизоти нав 300 ҳазор доллари ИМА маблағ масраф гардидааст.

«Корхонаи таҷрибавии механикӣ низ низ дубора фаъол гардида, баҳри он моликонаш 700 ҳазор доллари ИМА хароҷот карданд», - гуфт вай.

Ба қавли Ҳ.Абдуллоев, дар натиҷа имрӯз маҳсулоти корхона, аз ҷумла азоти моеъ, кислород, шифер, тӯр ва сими хордор харидори зиёд дошта, аллакай 200 тонна электроди истеҳсолшуда ба фурӯш рафтааст.

«Муддати ҳамагӣ як сол фаъолияти 11 корхонаи шаҳр барқарор гардида, ин танҳо қадамҳои аввалини амалисозии «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Норак тӯли соҳои 2012-2015» мебошад, ки татбиқ ва роҳандозии 140 лоиҳаро пешбинӣ мекунад», - афзуд номбурда.