Бо кӯмаки молиявии Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон китоби «Роҳнамои Буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба забонҳои русиву тоҷикӣ бо теъдоди 500 нусха ба табъ расид.
Тавре аз Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон хабар доданд, муаллифони китоб Каримова Мавзуна, Муминова Фарида ва Соҳибов Шавкат кӯшидаанд, ки дар бораи системаи буҷавӣ, қонунгузории буҷа, раванди буҷа, касри буҷа ва қарзи давлатӣ, сиёсати буҷавӣ ва усулҳои иштироки шаҳрвандон дар раванди қабули буҷа дар сатҳи маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ маълумот диҳанд.
Тоҷикистон бо роҳи тавсиаи равандҳои демократӣ дар ҳамаи соҳаҳои идораи давлатӣ рушд мекунад. Дар ҳамин ҳол ислоҳоти маъмурӣ бо дигаргуниҳои иқтисодӣ иртиботи ногусастанӣ дорад. Аз ин рӯ, яке аз омилҳои самараноки идораи иқтисодиёт ва ислоҳот, дарки ин равандҳо аз ҷониби ҳамаи иштирокчиёни идора мебошад. Ба вежа фаҳмиши соҳаи буҷа ҳамчун олоти муҳими сиёсати давлатӣ зарур аст.
Феълан, ба раванди буҷа вазоратҳои соҳавӣ, ТҒД, мақомоти худидораи маҳаллӣ ва аҳолӣ фаъолона ҷалб карда мешаванд. Минбаъд ин раванд боз ҳам тавсиа меёбад, зеро масъулияти буҷаи боадолати иҷтимоӣ на танҳо ба дӯши ҳукумат, балки ба дӯши худи шаҳрвандон, ки ҳамчун андозсупорандаҳо дар ташаккули буҷа иштирок карда, ҳамзамон истеъмолгарони хидматҳои иҷтимоӣ мебошанд, низ гузошта мешавад.
Бинобар ин вазифаи асосии роҳнамои мазкур дарк кардани чӣ буданӣ буҷа, барои чӣ он зарур аст ва чӣ хел он баррасиву қабул карда мешавад, пули давлат ба куҷо равона карда мешавад ва он ба ҳаёти ҳар як шаҳрванд чӣ таъсире дорад, мебошад. Ҳамчунин дар китоб оид ба он ки ҳар як шаҳрванд ба буҷаи маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ чӣ хел таъсир расонида метавонад, маълумот дода мешавад.
“Ҳукми сангин” ва “додгоҳ кӯдаки ширхорро ба инобат нагирифт”. Вокунишҳо ба ҳукми зиндони Рухшона Ҳакимова
Нархи истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон боз гарон мешавад?
Раиси вилояти Суғд: Соли гузашта дар вилоят беш аз 100 корхонаи саноатӣ аз кор монд
"Тоҷик Эйр" парвоз аз Душанбе ба Раштро ҳам оғоз мекунад. Кай ва нархи чипта чанд аст?
Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ гуфт, гузаштани Тоҷикистон ба “алифбои дигар айни ҳол матраҳ нест”
Размикори тоҷики ММА Беҳрӯз Зуҳуров ба арсаи ҷаҳонӣ бармегардад
Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми гумонбарони "парвандаи табаддулот"-ро эълон кард
Хароҷоти буҷети Тоҷикистон барои пардохти қарзи давлатӣ хеле зиёд мешавад
Ҷон бохтани 17 кас дар пайи офатҳои табиӣ дар соли гузашта
Дар Русия барои интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон боҷ ҷорӣ кардан мехоҳанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста