Тӯли солҳои истиқлолият дар Тоҷикистон 282 адад нерӯгоҳи хурди барқӣ бо иқтидори умумии 25,2 ҳазор кВт мавриди истифода қарор гирифт.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, соли гузашта дар ҷумҳурӣ 17 адад нерӯгоҳи хурди барқӣ бо иқтидори умумии 1,9 ҳазор кВт ба истифода дода шуда, маблағи умумии хароҷоти бунёди он 14,7 млн. сомонӣ (3,08 млн. $)-ро ташкил дод.
«Аз 17 нерӯгоҳи хурдии барқии соли гузашта бунёдёфта 3-тоаш аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ ва бурсҳо ва 14-тоаш аз ҳисоби сармоягузории хусусии маҳаллӣ сохта шуданд», - гуфтанд дар вазорат.
Ба иттилои манбаъ, то соли 2015 дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифтани боз 70 нерӯгоҳи хурди обиву барқӣ дар назар аст. «Феълан сохтмони 14 нерӯгоҳи хурди барқӣ бо иқтидори умумии беш аз 16 ҳазор кВт идома дошта, 11-тои онҳо аз ҳисоби бурсҳо ва 3-тоаш аз ҳисоби сармоягузорони маҳаллӣ маблағгузорӣ шудаанд», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки барои озмоиши истифода аз сарчашмаҳои алтернативии энергия дар манотиқи кишвар 9 адад дастгоҳҳои истеҳсоли нерӯи барқи бодӣ (шамолӣ) бо иқтидори умумии 5 кВт ва 2,7 ҳазор адад дастгоҳҳои истеҳсоли нерӯи барқ аз офтоб насб шудаанд.
“Ҳукми сангин” ва “додгоҳ кӯдаки ширхорро ба инобат нагирифт”. Вокунишҳо ба ҳукми зиндони Рухшона Ҳакимова
Нархи истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон боз гарон мешавад?
Раиси вилояти Суғд: Соли гузашта дар вилоят беш аз 100 корхонаи саноатӣ аз кор монд
"Тоҷик Эйр" парвоз аз Душанбе ба Раштро ҳам оғоз мекунад. Кай ва нархи чипта чанд аст?
Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ гуфт, гузаштани Тоҷикистон ба “алифбои дигар айни ҳол матраҳ нест”
Размикори тоҷики ММА Беҳрӯз Зуҳуров ба арсаи ҷаҳонӣ бармегардад
Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми гумонбарони "парвандаи табаддулот"-ро эълон кард
Хароҷоти буҷети Тоҷикистон барои пардохти қарзи давлатӣ хеле зиёд мешавад
Ҷон бохтани 17 кас дар пайи офатҳои табиӣ дар соли гузашта
Дар Русия барои интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон боҷ ҷорӣ кардан мехоҳанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста