Дар доираи вохӯрии раисони бонкҳои аъзои Иттиҳодияи  байнибонкии Созмони ҳамкории  Шанхай гурӯҳи кории Бонки давлатии амонатгузории  Тоҷикистон «Амонатбонк» бо роҳбарии раиси Раёсат Гулнора Ҳасанова дар Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор дорад.

Тавре аз хадамоти матбуоти БДА ҶТ «Амонатбонк» хабар доданд, имрӯз, 29-уми январи соли 2013 дар Маркази таълимии Бонки давлатии рушди Чин дар шаҳри Саняи Чин вохӯрии раиси Раёсати  БДА ҶТ «Амонатбонк «– Ҳасанова Г.К. бо Раиси Шӯрои Директорони Бонки давлатии рушди Чин ҷаноби Чен Юан баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ аз татбиқи лоиаҳои дастгирии соҳибкории хурду миёна ва қарзҳо барои манотиқи куҳистон аз ҷониби филиалҳои Амонатбонк қаноатмандии роҳбарияти Бонки давлатии рушди Чин иброз гардид.

Ҳамчунин масъалаи дастгирии ҷониби Бонки давлатии рушди Чин барои татбиқи пешниҳоди лоиаҳои ҳаётан муҳим аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар давоми соли 2013 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи ҳукумати Тоҷикистон оиди ҷудо намудани  қарзҳо барои соҳаи истеҳсолот раиси Раёсати Амонатбонк Ҳасанова Г.К. муҳимияти сохтмони фабрикаи коркарди нахи пахта то маҳсулоти тайёр бо истифода аз технологияи муосирро ба саҳми роҳбарияти Бонки давлатии рушди Чин расонид ва ин иқдом дастгирӣ ёфт.

Масъалаи дигаре, ки дар рафти вохӯрӣ баррасӣ гардид, ин дар мавриди тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи молия ва қарз буд, ки дар ин самт Амонатбонк бо БДРЧ собиқаи зиёда аз 5-сола дорад. Ҷониби Бонки давлатии рушди Чин ин масъаларо низ муҳим арзёбӣ намуда, омодагии ҳамешагии худро изҳор кард.

Дар охир тарафҳо ба қарор омаданд, ки барои вусъати хамкории судманд  аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода намоянд.