Соли гузашта ба Тоҷикистон ҳаҷми рекордии гандуму орд ворид гардид.

Бино ба иттилои вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода, соли 2012 ба Тоҷикистон 747,1 ҳазор тонна гандуму орд ворид карда шудааст, ки нисбат ба соли 2011 ба миқдори 308,3 ҳазор тонна зиёдтар аст.

«Сардиҳои соли гузашта аз нисф зиёди ҳосили гандуми тирмоҳиро нобуд сохта, камбуди он аз ҳисоби воридот рӯйпӯш карда шуд», - гуфт вай.

Қобили зикр аст, ки тайи 5 соли охир бори нахуст ба Тоҷикистон беш аз 500 ҳазор тонна гандуму орд ворид гардид. Беш аз 90%-и воридоти ин маҳсулот аз Қазоқистон сурат гирифта, ҳисса боқимонда ба Русия рост меояд.

Иқтисодчиёни вазорати мазкур дар соли 2013 ба Тоҷикистон ворид кардани 461 ҳазор тонна гандум ва 390 ҳазор тонна ордро пешгӯӣ карда, ҳамчунин каму зиёд шудани онро низ аз эҳтимол дур намедонанд.

Соли гузашта дар Тоҷикистон 801,2 ҳазор тонна ҳосили гандум ҷамъоварӣ карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011 ба миқдори 74,3 ҳазор тонна камтар аст.

Соли 2009 дар Тоҷикистон ҳосили баландтарини гандум ҷамъоварӣ карда шуд, ки 938,4 ҳазор тоннаро ташкил дод.