Сохтмони НОБ-и Роғун дер боз дар минтақа мавзӯи мубрам ба ҳисоб меравад. Асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ дар солҳои 1970 оғоз гардида, аз он замон лоиҳа таҳти тадқиқот ва омӯзиши байналмилалӣ қарор дорад. Имрӯз, маълум аст, ки лоиҳа на танҳо аз ҷиҳати экологӣ бехатар мебошад, балки он истеҳсолоти нерӯро барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти дохилии на танҳо Тоҷикистон, балки инчунин дигар кишварҳои минтақа, ки дар он солҳои охир дар давраи зимистон норасоии шадиди нерӯи барқ ҳис карда мешавад. Тавлиди нерӯи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ҳамчунин имкон медиҳад, ки захираҳои иловагӣ барои рушди иқтисодиёт ва болоравии сатҳи умумии беҳбудии аҳолии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз худ карда шаванд. 

Аммо, муқовимат ба лоиҳа бошиддат идома дорад. Дар мақолаи ба наздикӣ дар рӯзномаи ҳукуматии ӯзбек «Сухани халқ» чопшуда, муаллифон иброз доштанд, ки гӯё роҳбарияти Тоҷикистону Қирғизистон зимни сохтмони НОБ-и Роғун ва қатори НОБ-ҳои Камбарата оид ба амнияти аҳолии минтақа нигарон нест. Хатарҳои эҳтимолӣ ва зиёни экологӣ як рӯйхати дарозро ташкил медиҳанд: сохтмони обанбори Роғун ва кори он дар низоми энергетикӣ ба интиқоли оби ошомиданӣ ба аҳолие, ки дар кишварҳои поёноб зиндагонӣ мекунад, ба таври манфӣ таъсир мегузорад. Захиракунии оби ошомиданӣ дар обанбори Капарасс ғайриимкон мешавад ва ин ҳамчунин ба обёрии заминҳои корами ӯзбек бинобар пастшавии партови об аз обанбор таъсири худро мегузорад. Баъдан, фаъолнокии баланди сейсмикии маҳал аҳолии маҳаллиро бо хавфи заминларза таҳдид хоҳад намуд.  

Ин нигарониҳо дар асл аз ҳақиқат хеле дур ҳастанд. Тамоми масъалаҳо, аз ҷумла зилзиланокӣ ва шароити геологии маҳал дар фазаи аввалини лоиҳа ба инобат гирифта шуданд. Тавассути асосноккунии техникӣ-иқтисодии ҷорӣ бо дастгирии Бонки умумиҷаҳонӣ, ҳамаи масъалаҳои ҳалношуда ҳоло бори дигар дар давоми таҳқиқот бознигарӣ шуда истодаанд. Лоиҳаи НОБ-и Роғун ба таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ дар минтақа дар маҷмӯъ ва ҳамзамон ба афзоиши самаранокии идоракунии захираҳои обӣ равона гардидааст, ки дар навбати худ боиси беҳсозии истеҳсолоти кишоварзӣ мегардад.

Ба ғайр аз ин, лоиҳа манфиатҳои тамоми кишварҳои наздисоҳилиро марбут ба талабот ба об дар чаҳорчӯби қоидаҳо ва маҳдудиятҳои ҷойдошта нисбати об (ки аз ҷониби Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии об тасдиқ гардидаанд) ба назар мегирад. Ин бандҳо ба асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи НОБ-и Роғун дохил шудаанд.

Дар ҳолати ҳозираи худ, Тоҷикистон дигар ҳеҷ захира ба монанди нафту газ надорад, то болоравии иқтисодии кишварро таъмин намояд. Ба ҳар ҳол, ҳаргуна фарзия, ки Тоҷикистон танҳо манфиатҳои шахсии худро ба инобат мегирад, бардурӯғ аст. Тоҷикистон нақша дорад, то лоиҳаро бо дарназардошти пурраи манофеи тамоми кишварҳои наздисоҳилӣ татбиқ намояд. Комилан имкон дорад, ки коршиносони ӯзбек бар онанд, ки Тоҷикистон дар фасли зимистон истеҳсолоти барқро афзоиш медиҳанд, ки дар навбати худ ба ҳаҷми обе, ки аз обанбор дар давраи тобистон партофта мешавад, таъсир кунад. Вале айни ҳол ин тавр нест, чунки ҷониби Тоҷикистон дар бораи омодагии худ оид ба риояи қоидаҳо ва маҳдудияти аз ҷониби Комиссияи номбурда тасдиқгардида изҳор намуд. Вале, агар ба инобат гирем, ки дар оянда Тоҷикистон қисми лоиҳаи CASA 1000 мешавад, дар ин ҳол партови об аз обанбор дар давраи тобистон барои тавлиди ҳаҷми зиёдтари нерӯи барқ барои содирот ба Афғонистон ва Покистон афзоиш меёбад. Дар ин сурат, кишварҳои поёноб, ба монанди Ӯзбекистон, дар асл айёми тобистон оби бештар ба даст меоранд.

Азбаски дар назар аст, ки Роғун ҷараёни дарёро тағйир намедиҳад, дар мавриди пур кардани оби обанбори Капарасс ҳеҷ мушкиле ба вуҷуд намеояд. Ҳатто агар ҷараёни оби дарё дар зимистон афзоиш ёбад, ин имкон медиҳад, ки обанбори Капарасс зимистон пур шавад, вақте ки оби Амударё олуда нест. Бояд зикр кард, ки оби аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон тавассути Амударё ҷоришаванда дорои сифати хуб мебошад. Алҳол, Амударё асосан аз ҷониби кишоварзони ӯзбек олуда мегардад, чунки қитъаҳои обёришавандаи Ӯзбекистон беш аз 50% заминҳои обёришавандаи ҳавзаи Амударёро ташкил медиҳанд. Ин муҳоботи бузург аст, ки афзоиши шӯрнокӣ ба вайроншавии пурраи инфрасохтори оби нӯшокӣ оварда мерасонад. Ягон тадқиқот зарурати сарфаи воситаҳои иловагиро барои сохтмони иншооти нави обӣ нишон надодааст. Дар ҳақиқат, ин Ӯзбекистон бояд масъулият дошта бошад, ки идоракунии самараноки захираҳои обӣ ва обёриро дар амал истифода барад.

Ӯҳдадории ҳамкорӣ кардан яке аз принсипҳои дар Конвенсияи байналмилалӣ оид ба об дарҷшуда мебошад, ки Ӯзбекистон яке аз иштирокчиёни он аст. Новобаста аз он, ки Тоҷикистон иштирокчии конвенсия нест, ин кишвар пурра талаботи онро риоя мекунад. Илова ба асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ бо дастгирии Бонки умумиҷаҳонӣ, Тоҷикистон инчунин ду вохӯрии машваратиро бо кишварҳои наздисоҳилӣ гузаронд. Мутаассифона, Ӯзбекистон дар ин вохӯриҳо ҳозир нашуд ва онҳоро ба эътибор нагирифт. Вақти муколамаи кушода ва таҳлили ҳаматарафаи далелҳо дар шакли илмӣ-мантиқӣ омадааст. Лоиҳаи НОБ-и Роғун барои таъмини на танҳо Тоҷикистон, балки минтақа дар маҷмӯъ бо нерӯи бехатар ва фаровон пешбинӣ шудааст.

Тию Кейперс, Президенти ширкати иттилоотию консалтингии «Биг Медиа Груп», Брюссел, Белгия

http://www.european-times.com/news/rogun-dam-power-for-the-region/