Чанде қабл дар рӯзҳои баргузории ҷаласаи Комиссияи муштараки Тоҷикистону Украина оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, дар Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати Тоҷикистон вохӯрии директори Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ Комилов А.Ҳ. бо вазири рушди минтақавӣ, сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Украина, ҳамраиси қисми украинии Комиссияи муштараки Тоҷикистону Украина Темник Г.П. баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ сафири Украина дар Тоҷикистон Никитюк В.О. низ ширкат варзид.

Тавре аз Агентии сохтмон ва меъмории назди ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, зимни нишасти дуҷониба ва мулоқоти судманд масъалаҳои вобаста ба пешбурди соҳаи сохтмону меъморӣ, ташкил ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои фаъолияти ташкилотҳои лоиҳакашиву сохтмонии ҳарду ҷониб дар қаламрави ду кишвар, таъмини баробарии ҳимояи ҳуқуқ ва манфиати ташкилотҳои сохтмонии ҷонибҳо, таъсиси ширкатҳои муштарак, амалӣ гардонидани мубодилаи афкор дар самти гузаронидани сиёсати ягонаи техникӣ ҳангоми  якҷоя таҳия намудани лоиҳаву барномаҳо, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ин мулоқот тарафҳо бо таҷрибаи кишварҳои худ дар самти пешравии соҳаи сохтмону меъморӣ ибрози назар карда, тасмим гирифтанд, ки барои ҳарчи зудтар ва босамар татбиқ намудани тамоми тавофуқоте, ки  ба даст омадаанд, тадбирҳои судбахш амалӣ карда шавад.

Аз натиҷаи мулоқот протоколи ҳамкориҳои байни Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди минтақа, сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Украина ба имзо расонида шуд.

Дар интиҳо аз ҷониби Директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меҳмонони олиқадр тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.