Мақомоти раҳбарии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» изҳор кард, ки санҷиши чанде қабл суратгирифтаи қатораи Тоҷикистон аз ҷониби ашхоси воломақоми Русия ва пешниҳоди мутаваққиф сохтани равуои қатораҳо миёни кишварҳо ба хоҳиши Русия оид ба азхуд кардани бозори хизматгузории роҳи оҳани Тоҷикистон марбут аст.

«Тафтиши қатораи мо аз ҷониби ашхоси воломақоми Русия як навъи рақобати носолими бозори нақлиётӣ мебошад, ки дар Қирғизистон 80 ва Озарбойҷон 50 фоиз алаккай қатораҳои русӣ дар равуоанд ва мехоҳанд бозори мо ва Ӯзбекистонро низ танг кунанд», - иброз дошт чанде қабл зимни ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ муовини сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Усмон Қаландаров.

Дар ҷаласа номбурда ҳамчунин зикр кардааст, ки агар Русия ин нияти худро амалӣ созад, камаш 500 нафар корманди корхона бекор мемонанд.

Мудири шӯъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Муҳаммад Ҳабибов низ комилан ҷонибдори андешаи У.Қаландаров аст. «Наход сардухтури беҳдоштӣ ва муовини Сарвазири як кишвари бузургро коре намонда, ки ба дохили қатора сар зананд. Чунин муносибати носазо танҳо як ҳадаф - танг кардани рақибон дар бозорро ба дунбол дорад», - иброз доштаст ӯ дар ин робита.

Ёдрас мекунем, ки санаи 14-уми апрели соли равон ноиби нахуствазири Русия Дмитрий Рогозин зимни боздид аз истгоҳи Ақсарайски вилояти Астрахан бо вазъи иншооти хадамоти марзбонӣ ва гумрук ошно гардида, ҳамроҳи роҳбари Роспотребнадзор Геннадий Онишенко бо вазъи қатораи Душанбе-Маскав низ шинос шудаанд.

«Мардум ба кишвари мо тавассути қатораҳое меоянд, ки барои мусофиркашӣ пешбинӣ нашудааст», - иброз дошта буд Рогозин ба рӯзноманигорон.

Муовини сардори Хадамоти марзбонии Хадамоти федералии амнияти Русия Владимир Мочалов ваъда додааст, ки ба «Роспотребнадзор» дар бораи ба қаламрави Русия роҳ надодани қатораҳои мувофиқатнадошта ба талаботи санитарӣ пешниҳод ирсол мекунад. Ғайр аз ин, Хадамоти марзбонии Русия аз мунтазам ба сифати воситаи таҳвили мухаддирот истифода шудани қатораи Душанбе-Маскав нигарон аст.

Баъди гузашти муддате коршиносони тоҷик ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин хусус ибрози андеша намуданд. Аз ҷумла, раиси Ассотсиатсияи сиёсатшиносони ҶТ Абдуғанӣ Мамадазимов чунин ибрози андеша намуд, ки он ба тасдиқи созишномаи ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон марбут аст.