Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Дастурамал оид ба андозбандии корхонаҳои азнавтаъсисдодашударо, ки аввали моҳи август дар Вазорати адлия ба қайд гирифта шудааст, интишор кард.

Дастурамали мазкур дар асоси талаботи Кодекси андози таҳия гардида, хусусиятҳои андозбандии корхонаҳои навтаъсис, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта ба маҳсулоти ниҳоӣ (аз калобаи пахта то маҳсулоти пахтагии дӯзандагӣ) машғул мебошанд, муайян менамояд.

Дар дастурамал дар бораи як қатор имтиёзоти андозии барои корхонаҳои навтаъсис муқарраршуда маълумот дода мешавад. Аз ҷумла, воридоти молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худ аз ҷониби корхонаҳои навтаъсис аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда ва содироти молҳое, ки корхонаҳои навтаъсис истеҳсол мекунанд, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.

Ғайр аз ин, корхонаҳои навтаъсис аз андоз аз фоида, андози низоми соддакардашуда ва андозҳо аз молу мулки ғайриманќул озод мешаванд. Ин имтиёзҳо ба муҳлати 12 сол аз 1 январи соли бақайдгирии давлатӣ муайян карда мешавад.

Агар корхонаи навтаъсиси коркарди нахи пахта дар давоми муҳлате, ки хукумат муқаррар кардааст, пас аз ба кор даровардани силсилаи пештараи коркарди нахи пахта ба маҳсулоти ниҳоӣ ба таъсис додани силсилаи минбаъдаи коркард шурӯъ накарда бошад, имтиёзҳои андози ба он додашуда қатъ гардонида мешавад.

Нозироти андози дахлдор маълумоту ҳисоботҳоро оид ба истифодабарии имтиёзҳои андоз аз тарафи корхонаҳои навтаъсис ҳар семоҳа ба Кумитаи андоз пешниҳод менамояд.

Дар ҳолати қатъ гаштани амали имтиёзҳои андозӣ маблағи имтиёзҳои андозӣ (бо назардошти имтиёзҳои пардохтҳои дигар) бо назардошти ҷарима ва фоизҳо ситонида мешавад.