Намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар рафти Форуми иқтисодии СПЕКА-2013, ки дар шаҳри Алмато ин ҳафта идома дорад, иштирок менамоянд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, мавзӯъи асосии чорабинии мазкур "Рушди устувор ва доимӣ тавассути ҳамкории минтакавӣ" мебошад.

Ба иттилои мнабаъ, ба ғайр аз мавзӯи асосӣ, дар Форуми мазкур масъалаҳои роҳандозӣ ва маблағгузории технологияҳои экологияи тоза ва инноватсионӣ, омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ дар соҳаи ҷорӣ намудани навовариҳо ва рушди ҳамкории сохторҳои давлатӣ бо соҳибкорӣ, инчунин дурнамои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахши истифодаи навоварӣ дар оянда, муҳокима карда мешаванд.

Гуфта мешавад, форум бо дастгирии Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором доир мегардад.