Соли 2013 аз тарафи корхонаҳои истихроҷи ангишти Тоҷикистон ба миқдори ҳудуди 519 ҳазор тонна ангишт истихроҷ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 ба андозаи 25% зиёдтар аст.

Аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки соли гузашта ҳаҷми умумии истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ ҳудуди 412 ҳазор тоннаро ташкил дода буд.

Дар муқоиса бо соли 2012 соли гузашта ҳаҷми фурӯши ангишт низ зиёд гардида, соли 2013 беш аз 482 ҳазор тонна ин навъи сӯзишворӣ фурӯхта шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба миқдори  58 ҳазор тонна бештар мебошад.

Ба иттилои манбаъ, айни замон дар анборҳои корхонаҳои истихроҷи ангишт ва нуқтаҳои фурӯш ҳудуди 78 ҳазор тонна ангишт захира шудааст.

Дар вазорат зикр карданд, ки соли равон аксари корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ ба ивази газу нерӯи барқ ба истифодаи ангишт ба сифати сӯзишваорӣ гузаштанд ва ин ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли он боис гардид.

Бино ба маълумоти Вазорат, шурӯъ аз соли 2007 зиёда аз 150 корхонаҳои саноатии Тоҷикистон ба истифодаи ангишт ба сифати сӯзишворӣ гузаштанд. Айни замон 162 корхона дар ҷумҳурӣ ба истихроҷи ангишт машғуланд. Феълан ҳаҷми умумии захираҳои ангишт дар конҳои ангишти Тоҷикистон тақрибан 4 млрд. 500 млн. тонна арзёбӣ мешаванд.

Аҳолии кишвар низ яке аз истеъмолгарони бузурги ангишт мебошад. Бар асари камбуди барқ дар мавсими тирамоҳу зимистон сокинони деҳот барои гарм нигоҳ доштани манзил ва тайёр кардани ғизо бештар аз ангишт истифода мекунанд.