Соли 2014 корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Тоҷикистону Чин аз ҳисоби мавриди истифода қарор додани коргоҳи поксозии тилло бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна маъдан дар як шабонарӯз, ки ба истифода доданаш моҳи июли соли равон дар назар аст, ҳаҷми истеҳсоли тиллоро ба 2,5 тонна расониданист.

Бино ба маълумоти КМ «Зарафшон» соли 2013 дар корхона 1 ҳазору 714 кило тилло истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба соли 2012 ба миқдори беш аз 200 кило зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва технологияҳои нави ҶТ, дар зарфи 10 моҳи соли 2013 дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 2 ҳазору 120 кило тилло истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 220 кило бештар мебошад. Истеҳсоли нуқра ба 1 ҳазору 417 кило расида, дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашшта 17 кило зиёдтар аст.

Соли 2012 дар Тоҷикистон беш аз 2,4 ҳазор кило тило истихроҷ шудааст, ки зиёда аз 1,5 ҳазор килои он ба КМ «Зарафшон» рост меояд.

Ширкати «ZiJin Mining Group Co.Ltd» дорои 75%-и саҳмияҳои корхонаи муштараки «Зарафшон» буда, 25%-и саҳмияҳои корхона ба ҳукумати ҷумҳурӣ тааллуқ дорад. Аз рӯи ҳаҷми истихроҷ КМ «Зарафшон» корхонаи бузургтарини Тоҷикистон мебошад. Корхона соли 1994 дар заминаи собиқ Комбинати тиллову маъдани Тоҷикистон таъсис дода шуд. То соли 2007 бастаи саҳмияҳои назоратии корхона ба ширкати бритониёии «Commonwealth & British Mineral Ltd» тааллуқ дошт.

Захираҳои ашёи хоми КМ «Зарафшон» аз конҳои Таррор, Ҷилав, Хирсхона, Олимпӣ ва як қатор конҳои атрофи кони Ҷилав дар вилояти Суғд дастрас карда мешаванд.