Дар вохӯрии Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов бо ҳайати намояндагии бонки олмонии «Коммерсбонк» таҳти сарварии ҷаноби Бодо Тиюнс ҷанбаъҳои гуногуни вусъат додани ҳамкориҳои самаровари тарафайн мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар ҷараёни мулоқоти судманд масъалаҳои васеъ кардани ҳамкориҳои дуҷониба дар хизматгузории бонкӣ, молиявӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Меҳмонон дар мавриди тақвияти бонкҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Бонки миллии Тоҷикистон, боло бурдани мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ибрози назар карданд.

Қобили зикр аст, ки «Коммерсбонк» яке аз бонкҳои калонтарин дар Аврупо ба шумор рафта, фаъолияти худро аз соли 1870 оғоз бахшидааст ва дар бештари хизматрасониҳои бонкӣ ва молиявӣ мавқеи пешбарро ишғол менамояд.