Субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ)-и Тоҷикистон соли 2013 ба маблағи умумии беш аз 40,4 млн. сомонӣ (тақрибан 8,5 млн. $) маҳсулот истеҳсол карданд.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, соли гузашта 9 корхонаи МОИ «Суғд» ба маблағи зиёда аз 40 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, айни замон дар ин минтақа 18 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки 11-тоаш корхонаҳои вттанӣ ва 7-тоашон корхонаҳои муштарак мебошанд.

Ба иттилои манбаъ, соли гузашта дар МОИ «Данғара» корхонаи «Ю ва Ф» ба фаъолият пардохт, ки ба маблағи ҳудуди 400 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард.

Зикр гардид, ки дар МОИ «Панҷ», ки дар ноҳияи Қумсангир воқеъ аст, алҳол истеҳсоли маҳсулот ба қайд гирифта нашудааст. Соли гузашта барои сохтмони иншоот дар ин минтақа сармоягузориҳо дар ҳаҷми қариб 970 ҳазор сомонӣ азхуд шудаанд.

Барои сохтмони иншоот дар қаламрави МОИ «Ишкошим», ки дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ ҷойгир аст, соли гузашта дар ҳаҷми беш аз 2,6 млн. сомонӣ сармоягузориҳо азхуд карда шудаанд.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон чор МОИ – «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» фаъолият доранд.