Чанде қабл дар Маскав раиси Палатаи ҳисоби Русия Татяна Голикова ва Палатаи ҳисоби Тоҷикистон Дилмурод Давлатов созишномаи ҳамкорӣ миёни ҳарду палатаро ба имзо расониданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» намояндаи расмии сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, мутобиқи ин созишнома, палатаҳои ҳисоби кишварҳо ҳамкориҳоро дар самтҳои гуногун роҳандозӣ мекунанд.

«Дар санад ҳамчунин табодули таҷриба ва омодагии мутахассисон барои ин соҳа, ки ба ин масъала бештар ҷониби Тоҷикистон ҳавасманд асту ин сохтор дар кишвар чанде қабл таъсис ёфтааст, низ пешбинӣ шудааст», - иброз дошт ӯ.

Ба иттилои манбаъ, дар маросими имзои созишнома сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев зикр кардааст, ки «созишномаи баимзорасида барои минбаъд роҳандозии ҳамкориҳои судманд барои тарафайн заминаи мусоид фароҳам меоварад».