Вилояти Суғд тайи соли сипаришуда зиёда аз 5 млн. тон маҳсулоти кишоварзиро ба бозори ҷаҳон баровардааст. Дар ин бора ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар хадамоти матбуоти вилояти иттилоъ доданд.

Тавре зикр гардид, давоми соли 2013 маҳсулоти кишоварзии Суғд талаботи хеле зиёд дошт ва ҷониби харидорони маҳсулот, хусусан, харидорони хориҷӣ ба сифати маҳсулоти содиршаванда баҳои баланд додаанд.

«Шарикони асосии тиҷоратии Суғд кишварҳое чун Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Ироқ мебошанд. 120 тон маҳсулоти кишоварзии вилоят дар ярмарка-намоиши Сочии Федератсияи Россия ба намоиш гузошта шуда буд. 68 тон меваи хушк ба давлати арабии Ироқ содир гардид. Тарбуз, ангур, харбузаи вилоят аз ҷониби харидорони хориҷӣ талаботи зиёд доранд», - илова кард манбаъ.

ҚҚайд гардид, ки дар соли 2014 вилояти Суғд ҳамкориҳоро бо кишварҳои Қувейт ва Қатар низ ба роҳ монданист.