Иттиҳоди Аврупо (ИА) ба тозагӣ маблағгузории 5 лоиҳаи нав таҳти барномаи “Санади аврупоӣ барои демократия ва ҳуқуқи инсон” (САДҲИ)-ро, ки 1 397 837 евроро ташкил медиҳад, оғоз намуд.

Дар иттилоияи расмии намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар ҶТ зикр мегардад, ки вазифаи умумии санади САДҲИ дар чаҳорчӯби сиёсати ИА дар бахши ҳамкориҳо дар соҳаи рушд, ҳамкориҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва техникӣ бо кишварҳои сеюм аз мусоидат намудан ба рушду таҳкими демократия, волоияти қонун, эҳтиром ба ҳуқуқи инсон ва озодиҳои бунёдӣ иборат мебошад. Ҳадафи ин санад тавонманд сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мусоидат намудан ба табдили он ба як қувваи муассири дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва ҳифозат аз принсипҳои демократӣ мебошад.

Панҷ лоиҳаи интихобшуда инҳоянд :

Лоиҳаи дусола таҳти унвони “Коргарони муҳоҷир ва оилаҳои онҳо: муассисаҳои қудратманд ва соҳибихтиёр – кафили ҳифзи ҳуқуқ”, ки аз ҷониби созмони Кӯмаки калисои Данск (DanskChurchAid – DCA) татбиқ карда мешавад, ҳадаф дорад тавассути баланд бардоштани сатҳи тавонмандиҳои мансабдорон ва созмонҳои ҷамъиятӣ ва таҳкими ҳамкориҳо дар байни ин муассисаҳо аз ҳуқуқҳои коргарони муҳоҷири тоҷик ва аъзоёни оилаҳои онҳо дифоъ ва пуштибонӣ намояд. Лоиҳа дар ҳамбастагӣ бо шарикони маҳаллӣ, "Маркази ҳуқуқи инсон", "МҲэйдс" ва "Ғамхорӣ" дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва вилояти Хатлон татбиқ карда мешавад. Ин иқдом бар пояи фаъолиятҳо дар се сатҳ роҳандозӣ мешавад: иқдомҳо дар сатҳи муассисаҳои давлатӣ барои танзим намудани муҳоҷирати меҳнатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, ки дар байни муассисаҳои давлатӣ фаъолияти таҳмилгариро анҷом дода, ба такмили сиёсат дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ таъсир мегузоранд ва дар сатҳи баҳрабардорони ниҳоӣ ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии онҳо ва қудратманд сохтани онҳо барои иштирокашон дар таҳияи сиёсатҳо мусоидат менамоянд.

Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (ИИҶС) якҷоя бо Маркази таҳқиқотҳои хабарнигории Тоҷикистон (МТХТ) ва СҒҲ “Перспектива +” кори худро дар самти “Тавонманд сохтани воситаҳои ахбори омма ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пуштибонӣ аз ислоҳоти демократӣ дар Тоҷикистон” оғоз намуданд. Ин лоиҳаи сесола ҳадаф дорад ҳамкориҳои боз ҳам наздиктареро дар байни фаъолони роҳнамои ҳуқуқи инсон ва воситаҳои ахбори омма ташвиқ намояд; зарфиятҳои воситаҳои ахбори оммаи тоҷикро барои татбиқи лоиҳаҳо дар бахши таҳқиқоти хабарнигорӣ ва ирояи гузоришҳои таҳлилӣ такмил намояд; муколамаи созандаро дар байни созмонҳои ҷамъиятии ҳуқуқи инсон, воситаҳои ахбори омма ва мансабдорони ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ҷумҳурӣ таҳрик диҳад.

Лоиҳаи “ҲИИФМСМТ: Ҳуқуқҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии маҳбусон ва собиқ маҳбусон дар Тоҷикистон” тарҳрезӣ шудааст ва аз ҷониби СҒҲ олмонӣ – Ниҳоди ҳамкориҳои байналмиллалии Ассосиатсияи олмонии таҳсилоти калонсолон (dvv international) якҷоя бо ду шарики маҳаллӣ – Идораи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун ва СҒҲ “Ҷаҳон” татбиқ карда мешавад. Лоиҳа дар шаҳри Норак (Маҳбаси занонаи №3) ва дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд ва Қурғон-теппа (бо собиқ маҳбусон) дар давоми 24 моҳ амалӣ карда мешавад. Лоиҳа ҳадаф дорад ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии яке аз гурӯҳҳои маҳруми аҳолӣ – занони маҳбус ва собиқ маҳбусони ҳарду ҷинсро тавассути афзоиши ҷалби онҳо ба фаъолиятҳои омӯзишӣ ва истеҳсолӣ дар дохили маҳбасҳо ва фароҳам овардани машваратҳои ҳуқуқӣ ва равонӣ, омӯзишҳо доир ба рушди инфиродӣ ва машваратҳои марбут ба роҳнамоии касбӣ барои шомилсозии муҷаддади иҷтимоии онҳо тақвият бахшад.

Лоиҳаи дусолаи созмони байналмилалии Интернэшнл Алерт (International Alert) “Эъмори пулҳо: Баланд бардоштани нақш ва зарфияти ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақсади пур кардани фосилаҳо дар байни ҷомеа ва равандҳои демократикунонӣ дар Тоҷикистон” номгузорӣ шудааст. Мусоидат ва пуштибонӣ аз мавқеи ҷомеаи шаҳрвандӣ роҷеъ ба масъалаҳои муҳими тадбирҳои сиёсат дар иртибот бо ниҳодҳои байналмиллалӣ ва намояндагони ҳукумати ҷумҳурӣ; афзоиши зарфияти онҳо дар бахши таҳлили тадбирҳои сиёсат ва дифоъ ва пуштибонӣ ва ба миён овардани як маҳфили бехатар барои гурӯҳҳои мухталифи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати ҷалби ҳамдигар ба масъалаҳои муҳими тадбирҳои сиёсат дар тӯли давраи интихоботи парлумонии бисёр муҳим дар маркази ин иқдом қарор доранд. Фаъолиятҳои лоиҳа таҳқиқот, муколамаҳо, омӯзишу семинарҳоро дар бар мегирад, ки зиёда аз 400 нафар аъзоёни ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз он баҳраманд мегарданд. Интизор меравад, ки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии иштироккунанда маҳоратҳои қавитари тасҳили муколама ва эҷоди тавофуқи омро ба даст меоранд ва дар натиҷа ҳамкориҳои густурдатар дар атрофи масъалаҳои муҳим пуштибонӣ меёбанд.

Мақсади лоиҳаи дусола таҳти унвони “Вокуниши зуд ба таҳдиди ҳифозат ва паноҳандагон, паноҳҷӯён ва афроди бидуни шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон” , ки аз ҷониби Шӯрои даниягии паноҳандагон татбиқ карда мешавад, аз таъмини вокуниши зуд ба ҳолатҳои фавқулодда ва эҳтиёҷоти фаврии паноҳандагон ва паноҳҷӯён дар Тоҷикистон ба маслиҳатҳои ҳуқуқӣ тавассути фароҳам овардани маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ва намояндагӣ аз онҳо, бахусус дар робита ба ихроҷи ғайриқонунӣ ва маҷбуран ба ватан баргардондани онҳо иборат аст; ин иқдомот ба воситаи афзоиши зарфияти вакилони дифоъ дар бахши қонуни паноҳандагон, кашф ва равона кардани парвандаҳои эҳтимолии марбут ба кӯчонидан ба Дафтари комиссари олии СММ оид ба паноҳандагон (UNHCR) ва фарогирии ҷомеаи паноҳандагон дар робита ба масъалаи кӯчонидан, инчунин беҳтар кардани муҳити ҳифозати шахсони беҷошуда тавассути амалӣ намудани фаъолиятҳои дифоъ ва пуштибонӣ аз онҳо, тақвияти мавқеи мансабдорони давлатӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор дар муқобили ихроҷи ғайриқонунӣ ва маҷбуран ба ватан баргардонидани паноҳандагон ва паноҳҷӯён ва дигар масъалаҳои марбути паноҳгоҳҳо анҷом дода мешавад.

Иттиҳоди Аврупо аз 28 кишвари узв иборат буда, донори бузургтарини дунё ба шумор меравад. Тоҷикистон қисмати асосии ёрии дуҷонибаро дар минтақаи Осиёи марказӣ барои кӯмак ба барномаҳои соҳавӣ, кӯмаки техникӣ ва грантҳо ба даст овард (66 миллион евро барои солҳои 2007-2010 ва 62 миллион евро барои солҳои 2011-2013). Он ба ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустӣ ва рушди бахши хусусӣ, ки аз ҷониби мудирияти молияи давлатӣ пуштибонӣ мешавад, диққати марказӣ медиҳад. Тоҷикистон инчунин кӯмакҳои минтақавӣ ва махсусро ба чунин бахшҳо, ба монанди мудирияти сарҳад ва назорати маводи мухаддир (BOMCA/CADAP), маориф (TEMPUS, Erasmus Mundus), таъминоти об/муҳити зист, муҳоҷират, ҳуқуқи инсон ва демократия (EIDHR), бозигарони ғайридавлатӣ (NSA) ва рушди корхонаҳои хурд ва миёна (CA-Invest) ба даст меорад. Маблағи умумии кӯмаки ИА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 ин ҷониб зиёда аз 600 миллион евроро ташкил медиҳад.