Ширкати «Барқи тоҷик» далелҳои ба номи аҳолӣ сабт шудани қарзҳои корхонаҳои санаотӣ аз истифодаи барқро рад кард.

Сармуҳандиси Раёсати фурӯши барқи ширкат Алихон Шарифов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор кард, ки «раёсат дар бораи чунин далелҳо маълумот надорад ва хуб мешуд, агар дар бораи ҳолатҳои мушаххаси ин ҳодисаҳо моро огоҳ мекарданд». «Мо худамон манфиатдорем, ки кормандони ба ин амал дастзадаро ошкор намуда, ба онҳо ҷазои сазовор диҳем», - иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Шарифов, айни замон дар Раёсати фурӯши барқи ширкат беш аз 3,6 ҳазор нафар фаъолият дошта, «шояд кормандони беинсоф ҳам кор кунанд, лекин мо кӯшиш дорем, ки онҳоро ошкор намуда, ҷазо диҳем ва ин як паҳлӯи кори мо низ мебошад».

Сармуҳандиси раёсат қайд кард, ки айни замон қарзи аҳолӣ ба ширкат аз истифодаи барқ 352 млн. сомониро ташкил медиҳад ва ин қарзҳо на дар муддати як сол, балки тӯли чандин солҳо ҷамъ шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки зимни нишасти хабарии рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта роҳбари Агентии зиддифасоди Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов изҳор намуд, ки дар ҷараёни тафтиши фаъолияти молиявии воҳидҳои зертобеъи ширкати «Барқи тоҷик» далелҳои ба номи аҳолӣ сабт шудани қарзҳо аз истифодаи барқи корхонаҳои саноатӣ, асосан корхонаҳои хусусӣ ошкор шудаанд.