Барои ҷалби сармоягузории мустақим дар ҳаҷми 6,8 млрд. доллари ИМА Тоҷикистон бо як қатор ширкатҳои хориҷӣ гуфтушунид дорад.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амовли давлатии ҶТ Қодири Қосим зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки соли гузашта бо 6 ширкати хориҷӣ ҷиҳати имзои созишнома дар бораи ҷалби сармоягузории мустақим гуфтушунидҳо сурат гирифтаанд.

«Бо супориши ҳукумат бо онҳо якчанд вохӯриҳо гузаронида шуда, айни замон лоиҳаҳоро омода мекунем», - гуфт Қодири Қосим, вале номи мушаххасси ширкатҳоро зикр накард.

Раиси Кумита қайд кард, ки ҳангоми баимзорасии чунин созишномаҳо пеш аз ҳама манфиатҳои миллии Тоҷикистон ба инобат гирифта мешаванд.

«Бисёр ширкатҳо дар Тоҷикистон кор карданианд, вале барои худ имтиёзоти хеле зиёд талаб мекунанд ва мо ба лоиҳаҳое таваҷҷуҳ хоҳем кард, ки барои Тоҷикистон манфиатовар бошанд», - иброз дошт ӯ.

Бино ба иттилои раиси Кумита, соли 2013 ҳаҷми умумии сармоягузории мустақими хориҷӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 487 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки беш аз 177 млн. $-и он ба Чин рост омада, ҳамчунин аз Русия, Туркия ва Эрон низ сармоягузориҳои мустақим ҷалб шудаанд.