Зимни нишасти хабарии имрӯза ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Лора Так изҳор намуд, ки корҳои арёзбии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун»-ро бонк моҳҳои наздик, саҳеҳтараш нимаи ҳамин сол ба итмом расониданист.

Ӯ хотиррасон кард, ки таҳқиқоти арзёбии лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» хусусияти маҷмӯавӣ ва фарогир дорад, ки ҷанбаҳои фанниву иқтисодӣ, молиявӣ, экологӣ ва иҷтимоиро дар бар мегиранд.

«Натиҷаҳои бадастомада маълумоти боэътимоде хоҳанд шуд барои қабули қарори дахлдор, - иброз дошт. ӯ. – Ҳукумати Тоҷикистон барои шаффофу кушода будани ҷараёни арзёбӣ ва ҷиҳати таъмини сифати таҳқиқот, ки барои асоснокӣ ва боэътимод будани далелҳо заруранд, ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дод».

Хонум Лора Так зикр кард, ки барои дарёфти посухи қонеъкунанда Бонки ҷаҳонӣ тамоми масоили пайдошуда ё минбаъд рӯйи кор омадаро пайгирӣ хоҳад кард, зеро «ин равандро дақиқан гузаронидан зарур аст».

Дар робита ба масъалаи чанде қабл аз ҷониби ИМА изҳор шудани мухолифат ба сохтмони сарбандҳои баланд дар ҷаҳон, ноиби президенти бонк изҳор кард, ки БҶ саҳҳомон ва гурӯҳҳои манфиатдори зиёд дорад ва ҳар кадоме мунтазам мавқеи худ нисбат ба масоли гуногунро изҳор мекунанд. «Мо ин масъаларо шарҳ намедиҳем ва андешаи худро низ оид ба он иброз намедорем, чунки изҳори андешаи мустақилона ва ишғоли мавқеи худ ҳуқуқи ҳар як давлат аст», - гуфт номбурда.

Хонум Лора Так ҳамчунин гуфт, Бонки ҷаҳонӣ корҳои арзёбии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун»-ро то ба охир анҷом хоҳад дод.