Дар пойтахти ИМА гурӯҳҳои кории кишварҳои иштирокчии Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) ҷанбаҳои фаннии амалисозии лоиҳаро баррасӣ мекунанд.

Тавре аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ хабар доданд, дар ин вохӯрӣ Тоҷикистонро муовини вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Пӯлод Муҳиддинов роҳбарӣ мекунад.

Дар Вазорат зикр карданд, ки рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта, 12-уми феврал дар Вашингтон ҷаласаи серӯзаи гурӯҳҳои корӣ ва 18-уми феврал ҷаласаи навбатии Шӯрои байниҳукуматии кишварҳои узви лоиҳаи CASA-1000 доир мегардад. «Дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматӣ Тоҷикистонро муовини аввали нахуствазир Давлаталӣ Саидов сарварӣ мекунад», - гуфтанд дар вазорат.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 19-уми феврал дар Вашинтон гуфтушунидҳои серӯза баргузор мешаванд, ки дар ҷараёни он масъалаҳои маблағгузорӣ ба лоиҳа баррасӣ хоҳанд шуд.

Бино ба иттилои Вазорат, дар гуфтушунидҳо ҳайатҳои кишварҳои иштирокчии лоиҳа, ҳамчунин намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд ва дигар сармоягузорон ширкат меварзанд.

Зикр гардид, ки аз ҷумла созишномаи молиявӣ миёни Бонки ҷаҳонӣ ва ҳукумати Тоҷикистон дар бораи маблағгузории сохтмони қисмати тоҷикистонии хатти CASA-100 баррасӣ мешавад. Баимзорасии созишномаи мазкур моҳи апрели соли ҷорӣ дар назар аст.

Қаблан аввали моҳи январи соли равон вазири энергетка ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонов ба журналистон хабар дода буд, ки ба маблағгузории қисмати тоҷикистонии лоиҳа Бонки исломии рушд низ мароқ зоҳир намудааст. «Ояндаи наздик ҳиссаи ин бонк дар лоиҳа, ки тахминан 70 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад», маълум мешавад», - зикр карда буд вазир.

Ғайр аз ин, таъкид дошта буд Усмонов, як қатор фондҳои кишварҳои арабӣ, аз ҷумла Фонди рушди Кувайт низ ҳамчун сармоягузорони лоиҳаи мазкур дониста мешаванд. «Моҳи оянда ин масъала ҳал шуда, аз ҷониби ин фондҳо дар маҷмӯъ ҷудо кардани 67 млн. доллари ИМА пешбинӣ мегардад. Ҳукумати Тоҷикистон ҷудо кардани 15 млн. доллари ИМА барои амалисозии қисмати тоҷикистонии лоиҳаро дар нақша дорад», - гуфт вазир.

Усмонов ҳамчунин қайд карда буд, ки айни замон тамоми асноди зарурӣ барои имзои созишномаи байниҳукуматӣ миёни кишварҳои иштирокчии лоиҳа омода аст ва феълан аснод барои имзои созишнома дар бораи хариду фурӯш миёни ҷонибҳо дар ҳоли таҳия қарор дорад.

Қобили зикр аст, ки дар доираи Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) Тоҷикистону Қирғизистон уҳдадор мешаванд, ки муддати 15 сол дар мавсими тобистон (аз моҳи май то сентябр) ба Покистон дар ҳаҷми 1000 МВт ва ба Афғонистон 300 МВт нерӯи барқ интиқол диҳанд, ки дар панҷ моҳ 5 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад. Аз ин ҳаҷм интиқоли 2 млрд. кВт/соат ба дӯши Қирғизистон ва 3 млрд кВт/соат нерӯи барқ ба дӯши Тоҷикистон вогузор мегардад.

Арзиши умумии лоиҳаи CASA-1000 1 млрд. доллари ИМА арзёбӣ шуда, масофаи хатҳои интиқоли барқ тибқи лоиҳа 750 километрро ташкил медиҳад. Аз оғози бевоситаи амалисозии лоиҳаи мазкур 1-уми июли соли оянда интизорӣ меравад.