Масоили марбут ба сохтмони роҳи оҳани минтақавии Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистонро мақомоти дахлдори ин кишварҳо моҳи март дар шаҳри Душанбе баррасӣ мекунанд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Хайрулло Асозода зимни нишасти хабарии имрӯза дар мавриди ин масъала изҳор намуд, ки дар вохӯрии зикршуда мувофиқасозии қитъаи роҳи оҳан дар қаламрави Афғонистон дар назар аст. «Айни замон чор варианти хатсайри ин роҳ тариқи қаламрави Афғонистон мавҷуд аст», - гуфт вазир.

Ахири моҳи январ собиқ раиси КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло ба журналистон иттилоъ дода буд, ки Тоҷикистону Афғонистон нисбати масъалаи қитъаи хатсайри роҳи оҳани мазкур дар қаламрави Афғонистон ба як тавофуқи муайян расиданд.

Аллакай рӯзи дигар Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон дар робита ба изҳороти сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло нигаронии шадид изҳор намуд.

«Таври маъмул ва мутобиқи меъёрҳои байнулмилалӣ, мувофиқасозии лоиҳаҳои бисёрҷониба бар асоси тафоҳуми ҳамдигарӣ ва баробарӣ миёни ҷонибҳои ҳузурдошта дар омодакунӣ ва амалисозии он сурат мегирад. Изҳороти роҳбари Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон дар бораи мувофиқасозии қисмати роҳи оҳан бо пайвастан ба марзи Туркманистону Афғонистон бидуни иштироки Туркманистон комилан қобили қабули Туркманистон нест. Дар ин робита ҷониби Туркманистон эътирози қотеъона изҳор намуда, зикр мекунад, ки чунин изҳорот ба салоҳи кор ва  мувофиқи мақсад нест», - гуфта шуда буд дар изҳороти ВКХ Туркманистон.

Пас аз гузашти чанд рӯз аз изҳори нигаронии шадиди ВКХ Туркманистон, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон бинобар сабаби ба нафақа баромадан вобаста ба вазъи солимӣ роҳбари КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло аз вазифааш озод карда шуд.

Ёдрас мекунем, ки 20-уми марти соли гузашта зимни мулоқоти сеҷонибаи сарони кишварҳои Туркманистону Тоҷикистон ва Афғонистон дар Ашқобод, ки баҳри таҷлили ҷашни Наврӯзи байнулмилалӣ ба пойтахти ин кишвар ташриф оварда буданд, Ёддошти тафоҳум дар бораи сохтмони роҳи оҳани мазкур ба имзо расид.

Пайвастшавии Тоҷикистон ба Туркманистон тавассути роҳи оҳан тариқи қаламрави Афғонистон раҳоии Тоҷикистон аз вобастагӣ ба роҳи оҳани Ӯзбекистон ва ҳамчунин дастёбии Тоҷикистон ба шабакаи роҳҳои оҳани ИДМ ва баҳри Каспий ва дар оянда ба халиҷи Форсро таъмин хоҳад кард.

Қобили зикр аст, ки сармоягузори асосии сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон Бонки осиёнии рушд маҳсуб меёбад.