Дар семоҳаи аввали соли 2014 корхонаҳои сементбарории Тоҷикистон ба маблағи умумии 90,3 млн. сомонӣ 180 ҳазор тонна семент истеҳсол карданд, ки нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта мутаносибан 83,4 млн. сомонӣ ва 173 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар доданд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаҳои нави истеҳсоли семент ба афзоиши ин навъи масолеҳи сохтмон имкон фароҳам овард. «Ахири соли равон дар шаҳри Ваҳдат боз як корхонаи сементбарорӣ ба истифода дода мешавад», - гуфтанд дар вазорати мазкур.

Бино ба маълумоти Вазорат, феълан дар ҷумҳурӣ 9 корхонаи истеҳсоли семент фаъолият доранд, ки бузургтаринашон корхонаи «Тоҷиксемент»-и шаҳри Душанбе ва «Ғаюрсемент»-и ноҳияи Ёвон мебошанд. «Ҳаҷми асосии истеҳсоли семент дар кишвар ба ҳиссаи ҳарду ин корхона рост меояд», - афзуд манбаъ.

Қобили зикр аст, ки соли 2013 дар Тоҷикистон 385 ҳазор тонна семент истеҳсол карда шуд. Талаботи солонаи Тоҷикистон ба ин навъи масолеҳи сохтмон беш аз 1,5 млн. тоннаро ташкил медиҳад. Камбуди семент аз ҳисоби воридоти он аз Покистон, Афғонистон, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон бароварда мешавад.