Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи Ҳамкории иқтисодии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) барои интихоби паймонкор ба таъмиру азнавсозии роҳи мошингарди Сайрон – Қарамиқ (дар марз бо Қирғизистон) тендери байнулмилалӣ эълон кард.

Барои амалисозии лоиҳа дар ҳаҷми 500 ҳазор доллари ИМА воситаҳои бурсии Бонки осиёгии рушд ҷудо гардида, ҳамчунин расонидани кумаки техникӣ пешбинӣ шудааст. Ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон дар ин лоиҳа 150 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. «Корҳои таъмиру азнавсозӣ дар 12,68 километри роҳ пешбинӣ шудаанд», - хабар медиҳад Вазорати нақлиёт.

Дар доираи амалисозии лоиҳа тақрибан дар 88 километри роҳи мошингарди Сайрон-Қарамиқ, ки қисмате аз роҳи барномаи Ҳамкории иқтисодии минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ (АРЭС) маҳсуб меёбад ва дар километрҳои 3, 5 ва 87-и роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг роҳҳо таҷдиду таъмир ва сатҳи бехатариву хизматгузории техникиашон беҳтар мегардад.

Дар чаҳорчӯби лоиҳа вазъи ҳудуди 30 километр роҳҳои деҳоти ноҳияи Восеъ ва Ховалинг беҳтар гардида, дар шафати роҳ минтақаҳои истироҳат бунёд мешаванд ва дар маҳаллаҳои аҳолинишин таҷҳизоти энергияи офтобӣ насб мегарданд.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун шарик дар ҳаҷми 19 млн. доллари ИМА ба лоиҳа маблағгузорӣ мекунад. Вазорати нақлиёт агентии иҷрочии лоиҳа маҳсуб ёфта, анҷоми амалисозии лоиҳа соли 2017 дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки соли 1998 Тоҷикистон ба узвияти БОР пазируфта шуд. То имрӯз БОР ба Тоҷикистон ба сифати қарзҳои имтиёзнок, бурс ва кӯмаки техникӣ дар ҳаҷми умумии ҳудуди 1,1 млрд. доллари ИМА маблағгузорӣ намудааст.

Ҳадафи асосии фаъолияти Бонки рушди Осиё паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором бо роҳи пешрафти ҳамаҷонибаи иқтисодӣ, рушди устувори экологӣ ва ҳамгироии минтақавӣ мебошад. Бонки мазкур соли 1966 таъсис ёфта, қароргоҳи асосии он дар Манила воқеъ аст. Бонк айни ҳол 67 мамлакатро муттаҳид менамояд, ки 48 кишвари он дар минтақа воқеанд. Соли 2012 ҳаҷми умумии кӯмаки молии аз ҷониби БОР маъқулшуда бо шумули маблағгузории шарикӣ ба миқдори 8,3 млрд. доллари ИМА, дар маҷмӯъ 21,6 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод.