Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) намояндагони корхонаҳои мунтахаби нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон, омӯзгорони донишгоҳҳо ва ҷонибҳои дигари манфиатдорро гирди ҳам овард, то дар мавриди роҳҳои афзоиши маҳсулнокӣ ва сифати маҳсулот бо ҳадафи боло бурдани сатҳи рақобатпазирӣ дар соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон фаҳмиши бештар ҳосил шавад.

Дар иттилоияи МТБ дар ин робита зикр мегардад, ки ду давраи омӯзишӣ дар мавзӯъи “Маҳсулнокӣ, фоиданокӣ ва рақобатпазирӣ дар саноати нассоҷиву дӯзандагӣ” дар шаҳрҳои Хуҷанд (22-23-юми апрел) ва Душанбе (28-29-уми апрел) баргузор гардид. Ин давраҳои омӯзишӣ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи МТБ бо номи “Тақвияти рақобатпазирии содиротии корхонаҳои соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ ва рушди тавоноии ниҳодҳои пуштибони тиҷорат дар Тоҷикистон” баргузор гардиданд. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат маблағгузорӣ мешавад.

Барои баргузории семинарҳо доктор Раҷеш Бҳеда, мушовири байнулмилалии МТБ доир ба мудирияти сифат ва маҳсулнокӣ ва мудири иҷроияи ширкати консалтингии “Раҷеш Бҳеда Консалтинг”, даъват шуда буд. Ҷаноби Бҳеда мегӯяд: “Барномаи омӯзиш ба муайян кардани фаъолиятҳое дар раванди кор равона шуда буд, ки ба занҷираи арзиши иловагӣ рабте надоранд. Мунтазам аз байн бурдани ин гуна фаъолиятҳо маҳсулнокӣ ва сифатро ба таври қобили мулоҳиза беҳтар мегардонад. Дар давраҳои омӯзишӣ, ҳамчунин, мо василаҳоеро ҷиҳати ҳалли мушкилот таҷриба кардем, ки барои муайян кардани решаи мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо истифода шуда метавонанд”.

Ширкатдорони семинарҳо бо усулҳои замонавитарини боло бурдани маҳорати дӯзандагӣ, истифодаи низоми насли саввум дар саноати дӯзандагӣ, ворид сохтани барномаҳои “бидуни нуқсоне” ва “истеҳсоли эҳтиёткорона”, кам кардани ҳолатҳои зоеъ шудани маҳсулот ва таҳияи нақшаи иқдомҳо ҷиҳати беҳтар кардани маҳсулнокӣ ва ғайра шинос шуданд.

Ин давраҳои омӯзишӣ имкони хуберо барои омӯзиш аз мутахассиси сатҳи ҷаҳонии консалтинг дар соҳаи беҳсозии маҳсулнокии саноати дӯзандагӣ фароҳам оварданд. Доктор Раҷеш Бҳеда ба ширкатҳои дӯзандагӣ, брендҳои маъруфи ҷаҳонӣ, ва иттиҳодияҳои соҳавӣ дар саросари ҷаҳон дар роҳи посух ба чолишҳои камбуди донишу маҳорат ва ҳавасмандсозии коргарон мусоидат кардааст. Лоиҳаҳои рушди маҳсулнокӣ ва сифати ширкати “Раҷеш Бҳеда Консалтинг” маҳсулнокӣ ва сифатнокии ширкатҳои дӯзандагиро то ба 25 дарсад боло бурдаанд. Дар гузашта ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон низ аз семинарҳои доктор Бҳеда, ки аз ҷониби МТБ баргузор шуда буданд, баҳра бурда ва сифату маҳсулнокии худро беҳтар кардаанд.

Доктор Бҳеда дар ҷараёни сафари худ ба Тоҷикистон, ҳамчунин, ба як силсила корхонаҳои ҳамкори МТБ машваратҳо хоҳад дод.