Ба аввали моҳи май қарзи умумии ширкати «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳҳои барқии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» 557,6 млн. сомониро ташкил дод.

Аз ширкати «Барқи тоҷик» ба «Азия-Плюс» дар робита иттилоъ доданд, ки тибқи реҷаи қаблан тасдиқшуда ширкат ҳар моҳ ҳудуди 10 млн. сомонӣ ба ҶСК «НБО Сангтӯда-1» ва наздики 3 млн. сомонӣ ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» маблағи қарзро пардохт мекунад.

Бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», қарз ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳудуди 400 млн. сомониро ташкил медиҳад, лекин дар маълумоти интишоршуда дар сомонаи ҶСК «Сангтӯда-1», қарз ба 417,6 млн. сомонӣ баробар буда, аз моҳи марти соли 2014 маблағи қарз 24,6 млн. сомонӣ афзудааст.

Дар ҳамин ҳол, аз маъмурияти нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки айни замон нерӯгоҳ фаъолият дошта, бо дархости ҷониби Тоҷикистон онҳо метавонанд агрегати дуюми нерӯгоҳро ҳам ба кор дароранд.

«Имрӯз танҳо як агрегат кор мекунад. Бо дархости ширкати «Барқи тоҷик» мо метавонем агрегати дуюмро ба кор дарорем ё фаъолияти онро қатъ созем. Мушкилоти асосӣ дар кор ба иллати қарзи ширкати «Барқи тоҷик» ба вуҷуд меояд. То имрӯз дар нерӯгоҳ беш аз 1 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шуд», - гуфтанд дар нерӯгоҳ.

ҶСК «Нерӯгоҳи обӣ-барқии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст, ки соли 2006 бо мақсади анҷоми сохтмон ва истифодаи минбаъдаи нерӯгоҳи обӣ-барқӣ дар рӯдхонаи Вахши Тоҷикистон таъсис ёфт. Иқтидори тавлидотии нерӯгоҳ 670 мегаватт арзёбӣ шудааст. Маблағи умумии лоиҳа зиёда аз 600 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, 25%-и саҳми он дар ихтиёри Тоҷикистон мебошад. Агрегати аввали нерӯгоҳ 20-уми январи соли 2008 ва 31-уми июли соли 2009 пурра чор агрегати нерӯгоҳ мавриди истифода қарор гирифтанд. Ба ҳиссаи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ҳудуди 15% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи дар Тоҷикистон истеҳсолшуда рост меояд. 

Сохтмони нерӯгоҳи «Сангтӯда-2» 20-уми феврали соли 2006 расман оғоз гардид. Нерӯгоҳи Сангтӯда-2 лоиҳаи муштараки Эрону Тоҷикистон буда, ҳиссаи Тоҷикистон дар он 40 млн. $ ва ҳиссаи Эрон 180 млн. $-ро ташкил медиҳад. Майдони сохтмони нерӯгоҳи барқии Сангтӯда-2 дар 120 километрии ҷанубу шарқи Душанбе воқеъ аст. Даромади 12,5 соли аввали кори он ба ихтиёри Эрон вогузор хоҳад шуд. Пас аз ин нерӯгоҳ пурра ба ихтиёри Тоҷикистон мегузарад. Нерӯгоҳ аз ду агрегат иборат аст, ки иқтидори ҳар кадоме ба 110 МВт баробар аст.