Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирони Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумита, дар ҷаласаи мазкур аъзоёни Шӯро намояндагони вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва бахши хусусии Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон иштирок доштанд.

Ба иттилои манбаъ, бо назардошти имкониятҳои молиявии Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» ва ба талаботҳои қарзгирӣ чавобгӯ будани лоиҳаҳо ба баррасии ҷаласаи Шӯро 20 лоиҳаҳои аз нигоҳи иқтисодӣ афзалиятнок, ки аз ҷониби мутахассисони Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» баҳогузорӣ гардидаанд, пешниҳод гардида буд.

Гуфта мешавад, аз лоиҳаҳои пешниҳодгардида тибқи овоздиҳии якдилона 17 лоиҳаи нақшаи тичоратӣ ба маблағи 8млн. 790 ҳазор сомонӣ афзалият пайдо намуда, протоколи ҷудо намудани маблағҳои қарзӣ ба имзо расонида шуд.

Боиси зикр аст, ки татбиқи лоиҳаҳои мазкур имконият медихад, ки сиёсати иҷтимоӣ ва гендерии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда ба рушди иқтисодиёти миллӣ ҳиссаи сазовор мегузорад.