Зимни вохӯрии вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Роҳбар ва муовини нахуствазири Беларус Михаил Русий масъалаҳои марбут ба таҳвили техникаи кишоварзии корхонаи истеҳсоли трактори Минск (МТЗ) ба Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, ин вохӯри дар пойтахти Беларус шаҳри Минск зимни ҷаласаи навбатии Комиссисяи байнидавлатии Тоҷикистону Беларус оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид.

Ба иттилои манбаъ, дар сӯҳбати самимии тарафайн масъалаҳои мубрами ҳамкориҳо мавриди баррасӣ карор гирифта, масалаҳои вусати содироти тракторҳои МТЗ Беларус, ки дар Тоҷикистон талаботи зиёд дорад, тариқи осон намудани воридоти лизингӣ ба кишвари мо маслиҳат гардид.

Сипас ҳайати расмии Тоҷикистон аз таҷрибаи бои Агрокомбинати «Ждановичи»-и вилояти Минск аз наздик шинос шуда, технологияҳои замонавии Аврупоро оиди парвариши гул, сабзавот полезиҳоро дар шароити гармхонаҳои доимамалкунанда омӯхтанд.

Дар идомаи сафар ҳайати тоҷикистон аз заводи бузургтарини дунё МТЗ Беларус дидан намуданд. Зимни гуфтушуниди аъзоёни комиссия ва роҳбарони корхнаҳои саноатии Беларус, ки бо Тоҷикистон ҳамкорӣ доранд, аз ҷумла МТЗ «Беларус», БЕЛАЗ, МоАЗ, заводҳои лифтистеҳсолкунӣ, кабел ва трансформартор ва дигарҳо масалаҳои рушди ҳамкориҳоро бо таҳлили амиқ ва назардошти манфиатҳои тарафайн мавриди баррасӣ қарор доданд.