Тибқи пешгӯии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, давоми солҳои 2014-2016 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон ба андозаи 55% зиёд мешавад.

Бино ба маълумоти Дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистон барои соли 2014 ва дурнамои асосии он барои солҳои 2015-2016, ММД Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои соли 2014 дар нархҳои пешгӯишаванда 48,6 млрд. сомонӣ (беш аз 10 млрд. $)-ро ташкил дода, ММД-и кишвар дар соли 2015 дар ҳаҷми 55 млрд. 530 млн. сомонӣ пешгӯӣ мешавад.

Мувофиқи маълумоти ин санад, дар соли 2016 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 63,2 млрд. сомонӣ баробар хоҳад шуд.

Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли гузашта беш аз 40 млрд. 524,5 млн. сомонӣ (зиёда аз 8,5 млрд. $)-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба андозаи 7,4% зиёдтар аст. Дефлятори ММД дар соли гузашта ба 4,3% баробар шудааст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми ММД-и Тоҷикистон 7 млрд. 810 млн. сомонӣ (зиёда аз 1,6 млрд. $)-ро ташкил додааст.