Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар Корхонаи алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) ба маблағи умумии 75,9 млн. сомонӣ 36 ҳазор тонна алюминии аввалия истеҳсол карда шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли алюминии аввалия дар корхонаи мазкур 59,5 ҳазор тонна ба маблағи умумии 137,6 млн. сомониро ташкил дода буд.

«Сабаби коҳиши истеҳсоли алюминии аввалия поинравии нархҳои ҷаҳонӣ ба ин маҳсулот аст, ки мутаносибан ба корхона барои афзудани ҳаҷми истеҳсол имкон намедиҳад, зеро дар сурати паст будани нархи металл ин фоидаовар нест», - гуфтанд дар вазорат.

Дар Вазорати мазкур зикр карданд, ки суръати афзоиш давоми моҳҳои январ-марти соли 2014 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 55,2%-ро ташкил додааст ва дар ин давра «ТАЛКО» ба маблағи 64,5 млн. $ гилхок ворид карда, маблағи содироти алюминии аввалия 67,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Ба иттилои манбаъ, шумори коргарони корхона дар ин давра 8 ҳазору 318 нафарро ташкил дода, ҳанӯз соли 2010 ин нишондиҳанда ба 10 ҳазору 798 нафар баробар буд.

Тибқи маълумоти пешакии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, соли 2014 ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалия дар Тоҷикистон то 150 ҳазор тонна коҳиш хоҳад ёфт.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2013 ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалия дар Тоҷикистон 216,4 ҳазор тоннаро ташкил дода буд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба андозаи 20,6% камтар аст. Ҳаҷми умумии содироти металл дар соли гузашта 197 ҳазор тоннаро ташкил дод.

Ба санаи 8-уми майи соли ҷорӣ арзиши алюминий дар сатҳи 1 ҳазору 717 доллари ИМА қарор гирифт. Аз оғози сол тағийроти назаррас дар ҷараёни нархҳо ба мушоҳида нарасидааст. Нархи аз ҳама баландтарин ба алюминий санаи 24-уми апрели соли 2014 ба қайд гирифт шуд, ки 1 ҳазору 873,25 доллари ИМА барои 1 тоннаро ташкил дод.