Бино ба маълумоти пешакии Вазорат рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, дар муқоиса бо соли 2013 соли равон ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба ҳар сари аҳолии Тоҷикистон 12% меафзояд.

Тибқи маълумоти Дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистон барои соли 2014 ва дурнамои асосии он барои солҳои 2015-2016, ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар соли равон 5 ҳазору 892 сомонӣ ё худ 1 ҳазору 217 доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод. Нисбат ба соли гузашта ҳаҷми афзоиши ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар соли ҷорӣ бо асъсори миллӣ - ба 12,9% ва доллари амрикоӣ – ба 11,4% баробар хоҳад шуд.

Аввали соли 2014 ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолии Тоҷикистон каме бештар аз 5,1 ҳазор сомонӣ ё худ ҳудуди 1,1 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар Вазорати рушди иқтисод пешгӯӣ мекунанд, ки соли 2015 ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ ба 6 ҳазору 610 сомонӣ ё худ 1 ҳазору 355 доллари ИМА ва соли 2016 ҳаҷми он ба ҳар сари аҳолӣ ба 7 ҳазору 365 сомонӣ ё худ 1 ҳазору 496 доллари ИМА мерасад.

Дар Дурнамо зикр мегардад, ки шумори аҳолии доимии Тоҷикистон дар охири соли равон 8 млн. 232 ҳазор нафар, соли 2015 – 8 млн. 400 ҳазор нафар ва соли 2016 – 8 млн. 581 ҳазор нафарро ташкил хоҳад дод.

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2014 ММД Тоҷикистон дар ҳаҷми 48,5 млрд. сомонӣ (беш аз 10 млрд. $), соли 2015 – 55 млрд. 530 млн. сомонӣ ва соли 2016 – 63,2 млрд. сомонӣ пешгӯӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки ҳаҷми ММД Тоҷикистон дар соли гузашта беш аз 40 млрд. 524,5 млн. сомонӣ (зиёда аз 8,5 млрд. $)-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба андозаи 7,4% зиёдтар аст.