Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода имрӯз як ҳайати Чинро таҳти раҳбарии муовини вазири кишоварзии Чин Ню Дун ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, Қоҳир Расулзода манфиатдории Тоҷикистонро дар рушди муносибатҳо бо Чин дар ҳамаи соҳаҳо изҳор намуд.

«Расулзода зикр кард, ки Тоҷикистон ба амалисозии лоиҳаҳои бузург дар бахши кишоварзӣ бо ҷалби сармоягузориҳои Чин манфиатдор мебошад», - гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши растанипарварӣ, тухмипарварӣ, чорводорӣ, боғдорӣ, парвариши шолӣ бо истифода аз технологияҳои нав ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.