Дар интиҳои моҳи июни соли ҷорӣ дар дар ш. Париж (Фаронса) ҷаласаи Пленарии Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул (ФАТФ) баргузор гардид, ки дар он аз ҷумла вазъи низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бино ба иттилои Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикисон, дар давраи сипаригардида Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни соҳавиро қабул намуда, ҳамзамон як қаттор санадҳои қонунгузориро ба талаботи Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул (ФАТФ) мутобиқ намуд.

Ба иттилои манбаъ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти мавқеи Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул (ФАТФ) омода гардиданд, ки қабули онҳо ба тақвияти низоми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои ӯҳдадориҳои соҳавӣ аз рӯи Нақшаи чорабиниҳо вобаста ба муқовимат ба софкории пул ва мубориза бо маблағгузории терроризм нигаронида шудаанд.

Гуфта мешавад, барои тадбирҳои андешидашуда дар самти такмили қонунгузорӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар амалҳо аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул (ФАТФ) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланди мусбӣ дода шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар изҳороти расмии Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул (ФАТФ) пешравии назарраси Тоҷикистон дар ин самт баён карда шуда, қарорҳо ва чораҳои зарурии дахлдор барои баланд бардоштани мавқеъи кишвар, аз ҷумла ташрифи намояндагони Гурӯҳи мазкур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баҳодиҳии корҳои басомонрасонидашуда қабул шудааст.