Барои таъмири асосии бинои ҳукумати вилояти Хатлон 3,3 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Чуноне сардори идораи сохтмони асосии вилояти Хатлон Раҳматулло Худойназаров зимни як нишасти матбуотиаш иброз дошт,  сметаи хароҷоти таъмири  асосии бинои ҳукумати вилоят  беш аз 6 миллион сомониро ташкил медиҳад, аммо дар марҳилаи аввал 3,3 миллион сомонӣ  барои таъмири бинои аввал ихтисос гардидааст, ки мувофиқи нақшаи пешбинишуда, бояд ин бино дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти кишвар, 9-уми сентябр аз таъмир бароварда шуда, дар марҳилаи дуюм бинои дигари ҳукумат мавриди таъмир қарор хоҳад гирифт.

«Бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳанӯз даврони шӯравӣ сохта шудаву то ба имрӯз таъмири асосиро надида буд. Баъди таъмири асоси намуди бино куллан таъғир меёбад. Ҳамчунин барои он маркази ягонаи гармидиҳӣ сохта мешавад.  Илова бар ин, кормандони ҳукумат бо мизу курсиҳои замонавӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ таъмин хоҳанд шуд» - афзуд Худойназаров.