Директори генералии ширкати Шан Жо-и Хитой Бян Сон Лиин зим­ни мулоқот бо раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед аз сармоягузории ин ширкат дар иқтисоди вилоят сӯҳбат намуда, гуфт, ки ҳадаф дорад дар ин минтакаи кӯҳистонӣ бо ихтисос додани 600 миллион доллари амрикоӣ корхонаи тавлиди семент бунёд кунад.

Бино ба иттилои газетаи вилоятии иттилоотиву таҳлилии «Импульс» , ӯ гуфтааст, тадқиқотҳои илмӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки барои истеҳсоли ин маҳсулот дар вилоят захираи кофии ашёи хом мавҷуд аст. Мутобиқи нақшаи қаблӣ корхонаи мазкур дар як шабонарӯз то 3 ҳазор тонна семент тавлид мекунад.

Ба иттилои манбаъ, ҷаноби Бян Сон дар сӯҳбат бо раиси вилоят дар бораи ширкати худ низ маълумоти мухтасар ироа дошта гуфтааст, ки кароргохи ширкати онҳо дар шаҳри Гонконги Хитой мустақар аст ва бештар аз чор сол боз дар татбиқи баъзе аз лоиҳаҳо саҳм мегузорад.

Гуфта мешавад, раиси вилоят Шодихони Ҷамшед аз ҳамкории мутақобилан судманд бо ин ширкати бонуфуз изҳори омодагӣ намуда, иброз доштааст, ки сарвари давлат аз соҳибкории истеҳсолӣ ҳамаҷониба пуштибонӣ карда, барои ин соҳа имтиёзҳо низ додааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар поёни ин мулоқот байни роҳбарияти ВМКБ ва ширкати Шан Жо-и Ҷумҳурии Мардумии Чин як қатор шартномаҳо ба имзо расиданд.