Қарзи музди меҳнати кормандони соҳаи буҷаи ноҳияи Вахш ба 2,7 миллион сомонӣ расидааст.

Чуноне аз Раёсати хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии вилояти Хатлон хабар доданд, зимни як санҷиш маълум гардидааст,  қарзи музди меҳнати кормандони соҳаи буҷавии ноҳияи Вахш бо назардошти рухсатии меҳнатии кормандони соҳаи маориф ба 1-июли соли равон 2,7 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Бино ба гуфти манбаъ, сабаби пайдо шудани қарзи музди меҳнат сифатнок ва саривақт ҷамъоварӣ нашудани андоз мебошад.

Нозирони раёсат аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки ҳангоми санҷиш дар мактаби ҳамагонии рақами 14-и ноҳия мудири маориф ва директори мактаби номбурда бо ҳар баҳона кушиш мекарданд, ки ба рафти санҷиш монеъа эҷод намоянд.

Дар ҳамин ҳол, дар идораи маорифи вилояти Хатлон аз ҷой доштани қарзи музди меҳнат дар соҳаи маорифи ноҳияи Вахш изҳори бехабарӣ намуданд. Зимни нишасти матбуотӣ дар ин ниҳод гуфтанд, ки маълумотномаеро аз шуъбаи маорифи ноҳия дар даст доранд, ки қарзи музди меҳнатро инкор мекунад.

Ҳамчунин дар сарраёсати молияи вилояти Хатлон хабари қарзи музди меҳнати кормандони соҳаи буҷаи ноҳияи Вахшро рад карданд. «Ин ҷо маблағҳои рухсатии меҳнатии омузгорон аст, ки давра ба давра пардохт мешавад», - изҳор дошт як манбаъ дар сарраёсати молияи вилоят.