Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири нақлиёти Тоҷикистон Хайрулло Асоев эътироф намуд, ки зимни таҳияи лоиҳаи сохтмони нақби «Истиқлол» ба иштибоҳ роҳ дода шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни таҳлили таҳияи лоиҳа ва амалисозии сохтмони иншоот коршиносони Вазорати нақлиёт иштибоҳро ошкор намуданд.

«Сухан сари он меравад, ки низоми заҳбурканӣ (дренажӣ)-и нақб дар лоиҳа 65-93 см поинтар аз низоми заҳбуркании роҳ дар берун аз нақб нишон дода шудааст. Дар ин робита, муддати 6 сол роҳи дохили нақб ҳамеша зери об қарор дошт, ки барои ронандагони автомашинаҳо душвориҳои зиёде пеш меовард», - гуфт ӯ.

Асоев қайд кард, ки лоиҳаи нақби «Истиқлол» аз ҷониби Вазорати нақлиёт таҳия шудааст. «Лоиҳа мавриди тасҳеҳ қарор гирифта, ба ташхис супорида шудааст ва иштибоҳоти ҷойдошта бартараф карда шуданд», - таъкид дошт вай.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон дар иншооти мазкур корҳои сементрезӣ идома доранд. «Минбаъд анҷом додани корҳои бетонрезӣ ва ҳамчунин насби таҷҳизоти ҳавософкунӣ ва рӯшноидиҳанда дар назар аст», - афзуд вазир.